Панҷакент: Раис зодрӯзашро ҷашн гирифту аз вазифа рафт

Дар зодрӯз 5 нафар мутасаддиёни комиссияи доимии маҳаллӣ ва дигар шахсони масъули ҷамоати деҳот, аз ҷумла котиб, муҳандиси заминсоз, мутахассис оид ба ҷамъоварии андозҳо, масъули мизи ҳарбии ҷамоати деҳоти мазкур иштирок намудаанд.

Иброҳимов Аҳмадулло Неъматович раиси ҷамоати деҳоти Хурмии шаҳри Панҷакент 20 марти соли 2019 бар хилофи талаботи моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» (тибқи талаботи моддаи 8-и Қонуни номбурда, зодрӯз бояд танҳо дар доираи оила гузаронида шавад) ҷашни зодрӯзашро дар манзили истиқоматиаш, воқеъ дар ҷамаоти деҳоти номбурда, деҳаи Ваҳдат бо даъвати меҳмонони зиёд нисфирӯзӣ ва бегоҳӣ гузаронидааст, хабар медиҳад дафтари матбуоти Прокуратураи генералии Тоҷикистон.

Бино ба иттилои манбаъ, дар зодрӯз 5 нафар мутасаддиёни комиссияи доимии маҳаллӣ ва дигар шахсони масъули ҷамоати деҳот, аз ҷумла котиб, муҳандиси заминсоз, мутахассис оид ба ҷамъоварии андозҳо, масъули мизи ҳарбии ҷамоати деҳоти мазкур иштирок намудаанд.

“Прокуратураи шаҳри Панҷакент аз натиҷаи санҷиши ин қонунвайронкунӣ унвонии раиси шаҳри Панҷакент пешниҳод ирсол намуд, ки баъди баррасии он Иброҳимов А.Н. аз вазифаи ишғолнамудааш озод карда шуд”, — омадааст дар иттилоия.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

2 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *