Тоҷикистон: Панҷ нафар аз «Спрайт» заҳролуд шуд

Панҷ хонандаи синфи ҳаштуми мактаби шумораи 30-и деҳаи Дарқади ноҳияи Фархор се рӯз қабл баъди истеъмоли нӯшобаи «Спрайт» заҳролуд шуда, дар ҳолати вазнин ба бемористони интиқол ёфтанд. Раҷабалӣ Қурбонов, сардухтури бемористони ноҳияи Фархор сешанбеи 10-уми октябр дар сӯҳбат гуфт, ки ҳоло ду нафари заҳролудшудаҳо аз бемористон ҷавоб дода шуда, се нафари дигар зери муолиҷаи табибон қарор доранд.

Раҷабалӣ Қурбонов афзуд, ки рӯзи шанбеи гузашта ин хонандаҳо баъди истеъмоли нӯшокии «Спрайт» ба ин ҳолат гирифтор шуда, ба бемористон интиқол ёфтанд. Ӯ мегӯяд, ки онҳо дар ҳолати вазнин ба бемористон оварда шуданд ва пас аз бистарӣ кардан дар шӯъбаи эҳёгарӣ, ба худ омаданд.

«Рӯзи шанбе баъди дарси тарбияи ҷисмонӣ кадоме аз ҳамсинфонашон нӯшокии «Спрайт» меорад, онро менӯшанд ва заҳролуд мешаванд. Дар ҳолати вазнин ба бемористон оварданд, мо тамоми талошро кардем, ҳатто аз Душанбе табибонро даъват кардем. Ҳоло ҳамон қуттии нӯшокӣ барои ташхис ба Душанбе ирсол шудааст, то дақиқ кунанд, ки дар таркиби он чӣ буд”, — гуфт Раҷабалӣ Қурбонов. Табибон мегӯяд, ки панҷ нафаре, ки ба заҳролудшавӣ гирифтор шуда буданд, дар як синф таҳсил мекарданд ва 14-сола мебошанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *