Пандемея ба кори Кумита таъсир нарасонд…
Субҳи имрӯз дар асоси нақшаи пешниҳоднамудаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти кишвар дар Маркази матбуотии АМИТ “Ховар” нишасти матбуотии Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Тоҷикистон баргузор гардид,ки онро муовини аввали Раиси кумита Қурбонзода Бег Хол пеш бурд.
Тавре дар нишаст гуфта шуд, Кумита дар шаш моҳи соли равон новобаста ба пандемияи коронавирус, вазифаҳои дар наздаш гузошташударо иҷро намудааст. Аз ҷумла, дар мавриди иҷрои Амри Президент аз 8 апрели соли 2013 вобаста ба такмили сохторҳои идораи маҳаллӣ (шаҳраку деҳотҳо) ва тағйиротҳо ба ин амр, ҳоло дар 21 маҳаллаи шаҳри Хоруғ раисони маҳаллаҳо бо маоши баробар ба корманди ҳукумати маҳаллӣ фаъолият доранд. Чунин таҷриба дар шаҳрҳои Бохтар ва Хуҷанд низ амалӣ гардидааст. Ба саволи хабарнигорон дар мавриди он,ки оё минбаъд чунин тарзи идора дар дигар минтақаҳо низ ҷорӣ мешавад, Қурбонзода иттилоъ дод,ки ин ҳолат мавриди таҳлилу таҳқиқ қарор дорад. Ба гуфти ӯ, инчунин ба таври пилотӣ буҷаи ҷамоатҳои шаҳраку деҳотҳо дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилоятиСуғд, инчунин Рӯшони ВМКБ гузаронида шуд.
Дар рафти нишаст хабарнигори сомонаи” пресса.тҷ.” оид ба он, ки пандемияи коронавирус ба фаъолияти Кумита чӣ гуна таъсир гузошт,пурсон шуд. Қурбонзода гуфт, ки дар маҳалҳои гуногуни шаҳри Ваҳдат ва атрофи он аз ҷониби кормандон корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни ҳолӣ бурад шуд.
А.А,
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ