Пантуркисту панэрониҳо чи мехоҳанд?

Ба шаклгирию қувватгирии забони модариамон аз солҳои баъди Инқилоби Октябр менигараму андешаю фикрҳои мағшуле фаро мегиранд. Чаро ин забони ноби модарӣ ин қадар душманон дорад?  Чаро онро ба ҳар тараф мекашанд, тоб медиҳанд, ҳатто на бегонагон, ҳатто фарзандони худи ин миллат?  Пантуркистоне чун Абдулло Раҳимбоев, Файзулло Хоҷаевҳоро ба ёд биёрем. Ба чӣ сабаб онҳо аз забону миллати хеш мункир шуданд, оё барои мансабакею курсии муллоиме не?

     Забони шевои тоҷикӣ, ки ба он Айнии далеру диловар асарҳои дилчаспу беназире эҷод мекард, рафта –рафта пур аз калимаю ибораҳои муғлақи ӯзбекӣ, туркӣ, чағатоӣ, қарчиликӣ гардид. Омӯзгорони ӯзбек кӯшиш мекарданд, ки ба шогирдони тоҷик калимаю ибораҳояшонро талқин кунанд. Ин ҳолат аз мактабҳои таълимоти умумӣ то мактабҳои олӣ идома меёфт. Хандаовар ва дар айни ҳол кулфатовар аст, ки профессори донишгоҳе  аёми пахтачинӣ ба шогирде мефармояд:

—              Ҳо рафта фақирро гирифта биёр.

Донишҷӯи бечора рафта курс ба курс гашта, Фақир кист гуфта пурсида гаштааст. Вақте баргашта, бо сари хам гуфтааст, ки Фақирро наёфтам, профессор гуфтааст.

                Ҳо, ана фақир (сатил) лаби ариқба –ку ҳамона гийифта бид!

    Ана, ҳамин хел дар поймолкунию бенизомиҳои забон “зиёиён” низ саҳм мегузоштанд. Солҳои 70 –умро авҷи шаклгирию поягузории забони тоҷикӣ гӯем хато намекунем. Аммо бо вазидани шамолҳои хунуки бозорӣ, соҳибистиқлол шудани ҷумҳурӣ пантуркизм ба панэренизм ҷояшро иваз  кард. Акнун журналистону ҳатто бархе аз олимони тоҷик ба шевои хунуки эрониҳо мубаллиғу довар гаштанд. Онҳо садҳо не ҳазорҳо калимаҳои эронию арабиро ба забони тоҷикӣ ҳамроҳ мекарданд, вазъ мегуфтанду мақолаҳо менавиштанд. Тоҳири Абдуҷаббору шогирдчаҳояш бо муллоҳои суфиалачапӯш тутивор бо шеваи эронӣ ҳарф мезаданду аз қабили Беҳрӯзи Забеҳулло шеъракҳо мехонданд.  Охир, онҳоро охундҳои калонсаллаи эронӣ маблағгузорӣ мекарданд. Туркҳо ба мақсади азалиашон бунёди “Туркияи бузург” намерасанд, акнун шиамазҳабони Эрон бо оятуллоҳояшон мехосанд дар Тоҷикистон мазҳаби сунниро ба шиа иваз намоянду ба таъсиси кишвари “Эрони бузург” асос гузоранд. Рафту имрӯз шумораҳои рӯзномаҳои солҳои 1992-1997 нашршудаи ҷумҳуриро варақ занед, аз онҳо ба ростӣ маъниеро дарнамеёбед, ҳатто чизеро намефаҳмед.

     Хушбахтона, ин тири душманони миллату забони тоҷикӣ хок хӯрд ва ин забони ширин эмину пойдор монд. Лекин ҳоло ҳастанд онҳое, ки мехоҳанд имло, сарфу наҳви тоҷикиро ислоҳ кунанд, ҳатто барои ивази алифбо ба арабӣ талош меварзанд, ки худи арабҳо бо он алифбою забони ба қавли туркҳо тумтароқашон ғайр аз хуни сусмор хӯрдану биёбонгардӣ  ба ҷое нарасиданд, чӣ расад бар миллати тоҷик.

    Имрӯз низ фикру андешаҳое ба мисли содда кардани гӯиш, навишти калимаю ибораҳо, ҷумлаҳо роиҷанд. Калимаҳои ду ҳарфи пайдарпайдоштаро бо як ҳарф нависед, мегӯянд. Ҳарфи “ӯ”-и дарозро аз бештари калимаҳо гиред. Ба насабҳоятон ба ҷои “ов”-у “ев”, “зода”, “духт”, “пур” илова кунед. Вақте Сурайё Хоҷазода гӯем равшан аст, ки бонуест. Раваду С. Хоҷазода нависанд, кӣ медонад, ки ӯ бонуст ё мард? Ба андешаи  банда, аз ҳамон “ов (а)”, “ев (а)” намонем. Хеле хуб мешуд, ки ба имлои соли 1976 баргардем. Ва боз хубтар мешуд, ки дар ин бора олимони забардасте чун Иброҳим Усмонов андешаҳояшонро бигӯянд.

Нурулло Ҳасанов, рӯзноманигор

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *