Парҳез ҳангоми Коронавирус
Мутаассифона, шумораи нафарони гирифтори коронавирус дар ҷаҳон рӯз ба рӯз зиёд мешавад. Хабари хуш ҳамин аст, ки аксарият бемории мазкурро дар шакли сабук гузаронида, ниёз ба кумаки табибон надоранд.
Омили муҳимтарин дар табобати COVID-19 истеъмоли ғизои дуруст аст, ки масуниятро баланд бардошта, табобатро сабук ва барои мубориза бурдан бо инфексия мутобиқ месозад. Ғизои нодуруст ва суистифода аз маҳсулоти зарарнок ҷисмро заиф ва гирифтори бемориҳо мегардонад.
Диетолог Юлия Хохолкова дар мавриди истеъмоли ғизо ҳангоми COVID-19 тавсияҳои судманд медиҳад.
-Ғизо дар самти пешгирӣ намудани COVID — 19 нақши бузург мебозад. Ҳангоми шакли сабук ва миёнаи беморӣ парҳез метавонад роҳи осони расидан ба шифоёбӣ бошад. Хеле муҳим аст, ки ҳангоми бемориҳои дилхоҳ, аз ҷумла бемориҳои тавассути роҳҳои нафас сирояткунанда ҷараёни паҳншавии илтиҳоб дар ҷисм пешгирӣ карда шавад. Рафту шахси бемор пайваста фастфуд ва хӯроки зараровар истеъмол карда, пайваста дар ҳолати изтироби шадид қарор дошта бошад, машрубот истеъмол намуда, сигор кашад, вазни зиёдатӣ дошта бошад, муқовимат карданаш бо COVID -19 нисбатан душвор мегардад.
Инак, аз кадом хӯрокҳо бояд даст кашид:
Қанду шакар. Қанд, хусусан тозашуда (рафинированный) илтиҳобро бештар месозад. Тамғакоғази маҳсулотҳоро бодиққат мутолиа намоед. Агар шумо антибиотик истеъмол мекарда бошед, қанд микрофлораи ангезандаро ғизо дода, дар натиҷа, рафти беморӣ шадидтар мегардад.
Равғанҳои тозашуда. Хусусан равғани дӯстдоштаи ҳамагон — равғани офтобпараст ягон фоида надорад, балки ҷараёни илтиҳобро дучанд месозад.
Аз истеъмоли чипсу сухарикҳо, фастфуд, обҳои газнок, маҳсулоти шӯр ва очонидашуда, полуфабрикатҳо (сосиска, тушбера ва ғайра) худдорӣ намоед.
Хӯроки дар равған пухташуда. Тарзи пухта шудани хӯрок ғизои муфидтаринро зарарнок карда метавонад. Дар равған пухтани хӯрок кори дилу рагҳои хунгарди онро вайрон ва заҳролуд месозад.
Муътақид гаштанатон лозим аст, ки шумо ба маҳсулоти ширӣ тоқатнопазирӣ надоред. Рафту шир ба шумо зарар намерасонида бошад, шири то 3 — рӯзаро истеъмол кунед.
Ба таркиби маҳсулоти нонӣ диққат диҳед. Дар таркиби нон бояд танҳо орду об, намак ва хамиртуруш бошад. Маҳсулоти дигар метавонад сабабгори вусъат ёфтани илтиҳобёбӣ гардад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ