“Паради фариштаҳо” дар фазои Душанбе дар 9 май?

Дар Интернет рӯзи 9 май видеоҳое ба сайр даромад, ки ба иддаои муаллифонашон, дар онҳо гӯё сайри фариштаҳо дар осмони Тоҷикистон дар шаби Қадр (Лайлатулқадр) сабт шудаанд. Ин сабтҳо вокунишҳои мухталиферо дар байни мардум ба бор овардааст. Бархе аз “мӯъҷизаи илоҳӣ” дар моҳи шарифи Рамазон ва шаби мубораки Қадр суҳбат мекунанд ва шукри Худованд мегӯянд, аммо бархе дигар инро намунаи дигари зудбоварӣ ва авҷи хурофот мешуморанд ва мегӯянд, ҳеҷ далели илмии қонеъкунандае барои исботи дурустӣ ва воқеияти ин “парвози фариштаҳо дар осмони Тоҷикистон” дар даст нест. Дар ин видео,ки дар youtube сайр дорад, замони сабти он маълум нест ва шояд нафароне, ки онро гузоштаанд, аз як ҳодисаи одие, ки ҳар шаб дар осмон мушоҳида кардан мумкин аст ва он ба ҳаракати ҷирмҳои осмонӣ вобаста аст, сенсатсия сохтанӣ шудаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *