Парастор барои куштори 85 бемор ба ҳукми абад маҳкум шуд

Додгоҳи шаҳри Олденбурги Олмон 6 июн парастори пешин Нилс Хёгелро ба ҳабси якумрӣ маҳкум кард. Ӯ дар куштори 85 бемор дар ду беморхонаи Олмон дар солҳои 2000–2005 айбдор дониста шуд.

Додгоҳи шаҳри Олденбурги Олмон 6 июн парастори пешин Нилс Хёгелро ба ҳабси якумрӣ маҳкум кард. Ӯ дар куштори 85 бемор дар ду беморхонаи Олмон дар солҳои 2000–2005 айбдор дониста шуд.

Ҳукми додгоҳ ҳамчунин пеш аз муҳлат озод шудани парасторро манъ мекунад. Дар ин бора телевизиони «Настояшее Время» хабар дод.

Хёгел дар додгоҳ аз хешу наздикони беморони кушташуда узр хост. «Аз ҳамаи афроде, ки ба онҳо даст расондаам, узр мехоҳам», — гуфт ӯ.

Парастори 42-сола дар беморхонаҳои Олденбург ва Делменхорст кор мекард. Ӯ бори нахуст тобистони соли 2005 дар куштори беморон гумонбар дониста шуд. Яке аз кормандони беморхона он замон гуфта буд, ки Хёгел ба беморон аз меъёр зиёд дору медиҳад.

Дар натиҷа додгоҳи Олденбург соли 2008 парасторро барои кӯшиши анҷоми куштор 7,5 сол аз озодӣ маҳрум кард. Хёгел дар соли 2015 дар чандин куштор ва кӯшиши қатл айбдор дониста шуд. Дертар маълум шуд, ки ӯ ба беш аз 200 бемори қалб аз меъёри муайяншуда зиёд дору додааст. Ин беморон аз 34 то 96 сол доштанд.

Муфаттишон моҳи июни соли 2016 тавонистанд даст доштани Хёгелро дар 37 куштор исбот кунанд. Онҳо барои ин кор маҷбур шуданд, беш аз 130 қабрро бозкушоӣ намоянд. 60 бемори ӯ бо вуҷуди аз меъёр зиёд истеъмол кардани дору зинда монданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *