“Парасту 2017”: Театри ҷавонон Шоҳҷоиза ва Лоҳутӣ ҷойи авалро гирифт
Шоми 24 апрел дар Театри давлатии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ – Парасту-2017 ҷамъбаст гардид, ки дар он намоишномаи “Дирафши коваёнӣ”-и Театри ҷавонони ба номи Маҳмудҷон Воҳидови шаҳри Душанбе сазовори Шоҳҷоиза гардид.
Намоиши “Дирафши коваёнӣ” аз рӯйи “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ дар коргардонии Нозим Меликов ба саҳна омадаст, ки дар он нақшҳои асосиро Абдумӯъмин Шарифӣ, Бунёд Комилов, Аҳлиддин Ҳасанов, Қамариддин Мирзоев ва Зарина Бадалова бозидаанд.
Ҳамчунин дар доираи Фестивал намоишномаи “Пизишки паррон”-и Театри академӣ драмавии ба номи Лоҳутӣ, ки Қурбони Собир онро аз рӯйи асари Молйер ба саҳна гузошта шудааст, ҷойи аввал додаанд. Ҷойи дуввум насиби намоиши “Хонума”-и театри русии Маяковский ва ҷойи сеюм насиби намоиномаи “Қалби зан”-и театри ба номи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд гардид.
Ҳакамони фестивал ҷоизаи “беҳтарин нақши мардона”-ро ба Шуҷоат Ҷалолиддинов (театри Лоҳутӣ) ва Маҳмадсаид Махсумов (театри Данғара) лоиқ донистаанд.
Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ “Парасту-2017” 18 апрел оғоз гардид ва давоми панҷ рӯз театрҳои Душанбе, вилоятҳои Бадахшону Суғду Хатлон намоишномаҳои худро манзури бинандаҳо карданд. Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ҳадафи баргузории фестивалро «рушди драматургияи миллӣ, санъати театрии мамлакат, таҳияи асарҳои баландғояи ватанӣ, баланд бардоштани сатҳи маҳорати касбии коргардонҳо, ҳунармадон, рассомон, бастакорон, ҳисси ифтихори ватандӯстию ватанпарастӣ, анъанаҳои хуби таърихию фарҳангӣ” унвон кардааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ