Парчами хуршедҳо номи ман аст

Фархундаи Фахриддин 9 октябри соли 1990 дар деҳаи Хистеварз (Қистақӯз)-и ноҳияи Б. Ғафурови вилояти Суғд дар оилаи зиёӣ чашм ба олами ҳастӣ кушодааст.

Соли 2013 факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷандро хатм крдааст.

Соли 2016 шуъбаи магистратураи Академияи илмҳои Ҷумхурии Тоҷикистонро ба итмом расонид ва ҳоло корманди Муассисаи давлатии «Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ» аст.

ФАЛСАФАИ РОҲҲО

Кӯчаи оинагини шаҳр,

Ҳам гулистони хиёбонҳо.

Ранг дар ранганд мошинҳо,

Бо шитобе сӯи армонҳо.

Як нафар дар кӯчаҳои шаҳр,

Сӯи донишгоҳ меояд.

Як нафар бо гиряи хомӯш,

Хаста бо ин роҳ меояд.

Оҳ, оре, сӯи қабристон,

Меравад ин духтарак гирён,

Модарашро додааст аз даст,

Ғуссаш аз чашми ӯ ҷӯшон.

Як нафар дорад гуле дар даст,

Интизори нозанини худ.

Дар сари дуроҳаи умраш,

Ҳамсафар мехоҳад аз маъбуд.

Роҳҳо чун мистари дафтар,

Ҳарфҳояш нақши пои мо.

Ҳарфҳоро нуқта мемонем,

Эй дареғ аз интиҳои мо!

ТОҶИКИСТОН

Эй таманнои ту маънои вуҷуд,

Эй барои ман ҳама буду набуд!

Омадам аз кишвари истораҳо,

Омадам аз меҳани фаввораҳо.

Аз фалак сад офтоб овардаам,

Як китоби интихоб овардаам.

Маҳзари ман як баҳори бехазон,

Насл-насли ориёиро нишон.

Инак ин дунёву айёми ман аст,

Парчами хуршедҳо номи ман аст.

Меҳани ман, ҳамчу хуршедӣ қадим,

Меҳани тиллову зар, нозу наим.

Давлати тиллоии Сомониён,

Меҳани фарҳанги сабзи шоирон.

Ӯ китобу илму фан овардааст,

Шоири соҳибсухан овардааст.

Рӯдакӣ, эй тору пуди шоирон,

Байти ту, байти вуҷуди шоирон.

Эй Бухорову Самарақанди ватан,

Эй диёри офтоби илму фан.

Эй Хуҷанди нозанини номдор,

Эй ба зебоӣ бадаҳр овозадор.

Эй Бадахшони фалакёри замин,

Эй ақиқи гавҳарӣ андар нигин.

Панҷрӯди суғдиёни тоҷдор,

Хутталон, эй шаҳримардонибаор.

Меҳани ман,Тоҷикистони навин,

Сидраи хуршед дар рӯи замин.

МОДАР

Зинда бошӣ, зиндабошӣ модарам,

Гавҳари ҷонам туӣ, тоҷи сарам.

Бе ту торик аст ин дунёи ман,

Маҳзари анвор, шамси ховарам.

Зиндагиофар, баҳори бехазон,

Гулнишону гулнигоҳу гулбарам.

Нозанину маҳҷабинию латиф,

Эй ба зебоӣ чу сад барги тарам.

Аз қазо ҳаргиз набинад доғи ғам,

Модари хуршед рӯи ховарам.

Кошки бошӣ ҳамеша такягоҳ,

Бар ману бар додару бар хоҳарам.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *