Парчами миллии Тоҷикистон дар дар Деҳаи олимпӣ барафрохта мешавад

Аз Нарзулло Латифов, сардори хадамоти матбуоти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон  хабар расид, ки ҳайати варзишии олимпичиёни тоҷик бегоҳии 28 июл ҷиҳати иштирок дар Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ ба  шаҳри город Рио-де-Жанейро расид.

Маълум шуд, ки ҳайати варзишии Тоҷикистон аз 15 нафар ( 6 варзишгар, 5 мураббӣ ва 4 шахси расмӣ) иборат аст, дар деҳаи Олимпӣ ҷой гирифтанд. Ҳамаи олимпичиён ҷудочиён Комроншоҳи Устопириён (дар вазни  90 кг) ва  Муҳаммадмурод Абдураҳмонов (+100 кг), муштзан Анвар Юнусов (то 60 кг), шиноварон Анастасия Тюрина ва Олим Қурбонов, даванда ба масофаи 200 метр Кристина Пронженко аллакай ба машқу тамрин пардохтанд.  Гурзандоз Дилшод Назаров бо ду мураббиаш ба Рио 3 август аз Чехия ба сафар омодагӣ мебинад. Парчами миллии Тоҷикистонро маҳз Дилшод Назаров дар маросими кушодашавии Бозиҳои тобистонаи олимпии Бразилия, ки бегоҳии 5 август дар Варзишгоҳи  «Маракана»  доир мешавад, мебардорад.

 

Эмом НАЗАРОВ

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *