Парчами тоҷикӣ, аз “Жанна д Арк” то Маҳмадюнус

  …Имрӯз тоҷикон Рӯзи Парчам доранд ва дар қисматҳои гуногуни сайёра ин ҷашн бошукуҳ, дар ҳар маконе,ки тоҷике зиндагӣ мекунад,таҷлил мегардад. Солҳои охир муносибат бо ин ҷашнвора тамоман тағйир ёфтааст ва ин парчамро,ки  номи расмиаш Парчами давлатӣ мебошад, новобаста ба шаҳрванди кадом кишвар буданашон ҳамаи тоҷикон чун нишонаи тоҷик будан қабул кардаанд ва дар хонаи худ нигоҳ медоранд.Махсусан,пас аз он,ки Президенти Тоҷикистон соли 2010  дар маркази шаҳри Душанбе бунёди парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон расман оғоз намуд ва  он 30 августи соли 2011 дар пояи 165 — метра, ки дар ҷаҳон баландтарин маҳсуб меёфт, парафшон гардид,парчами моро дунё мешинохтагӣ шуд. Муаррифии парчами тоҷикӣ дар арсаи ҷаҳонӣ бештар дар вақти ғолибияти намояндагони кишвар дар мусобиқаҳои варзишӣ ва  сафарҳои Роҳбари Давлат ба хориҷа сурат мегирад.

Парчами 65 метра дар маркази пойтахт

Таври маълум, Президенти мо бо ташаббуси худ  се чизро барои  мардум арзонӣ дошт ва дар хонаи ҳар як тоҷик муҳайё намуд. Аввал, китоби муқаддаси  Қуръон бо тарҷимааш дастраси шаҳрвандон гардид,сипас, “Тоҷикон”-ро дастраси ҳар як оилаи тоҷик намуд ва сеюм   иҷозати парчамбардор шудани ҳар хонаи тоҷикро дод,ки ин ҳам мушкилоти худро дошт. Зеро замоне парчами давлатӣ танҳо дар идораҳои давлатӣ ҷилвагар буду халос .

Ҳатто соли 2007 муаллифи ин сатрҳо ба ҳимояи парчамбардор  Раънои Зоирдухт,ки дар боми фарҳангсарое,ки   бо ташабуси худаш ва маблағи ориёиҳои  Аврупо бунёдшуда дар Истаравшан пачамро насб карданӣ буду аммо  намояндаи ҳукумати маҳаллӣ манъ кардан мехост, памфлет навишта буд.   Он замон дар байни чиновникҳои ҳукуматӣ чунин андеша буд,ки парчам бояд  танҳо дар биноҳои ҳукуматӣ насб шавад. Имрӯз ҳамин чиновникҳо мардумро  даъват мекунанд,ки дар боми хонаҳояшон парчами давлатиро насб кунанд. Онҳо фаҳмидан намехоҳанд,ки  парчами тоҷикӣ моли ҳамаи тоҷикон,ифтихори миллии ин миллат аст ва яке аз муқаддасоти асосӣ ба ҳисоб меравад.

Ду рӯз пеш як ҳамсояамон Маҳмадюнусро  дидам, ки  дар даст матоъи нави парчам ба боми хонааш боло мешуд. Пурсидам,ки аз ҷониби раиси маҳалла супориш шуд,ки онро насб кунӣ? “Не.е…О, надидед,ки дар боми хонаи ман доим ин байрақ ҳаст. Ду рӯз пас иди Парчам, онро нав кардан лозим…” Ҳамсояи ман на корманди давлат асту на ягон коргари мансабдор. Ӯ ҳатто бекор аст …

Тоҷик,ҳамеша муқаддасоти худро  эҳтиром мекунад ва бе супориши масъулон ҳам аз он дифоъ менамояд,тавре,ки ҳамсояи ман Маҳмадюнус мекунаду  Раъно карда буд.  Ҳоло  парчами серангаю зебои Тоҷикистон дар болои фарҳангсарои ороиёӣ парафшонӣ мекунаду дар боми хонаи ҳамсоя бо рангҳои тоза ҷило медиҳад.

Рӯзи Парчами Давлатӣ ба ҳамаи  тоҷикони ҷаҳон муборак!

А.АҲМАДЗОДА  

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *