Пардабардорӣ аз рӯйи муҷассамаи академик Бобоҷон Ғафуров
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз рӯйи Муҷассамаи академик Бобоҷон Ғафуров пардабардорӣ намуд.
Муҷассамаи Қаҳрамони Тоҷикистон, ки дар саҳни Осорхонаи ҷумҳуриявии академик Бобоҷон Ғафуров қомат афрохта, бо санъати баланд сохта шудааст. Таҳпояи муҷассама 2,6 метр буда, баландии худи муҷассама 4,2 метрро ташкил медиҳад.
Бино ба иттилои Хадамоти матбуоти Сарвари давлат, дар тарафи чапи муҷассама шоҳасари мондагор -“Тоҷикон” ҷой дода шудааст.
Ёдовар мешавем, ки академик Бобоҷон Ғафуров, муаррихи барҷаста, шарқшиноси машҳури тоҷик, доктори илми таърих, профессор, Ходими хизматнишондодаи илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ