Пардохти нафақаи 3580 нафар муваққатан боздошт шуд

Дар Тоҷикистон додани нафақа ба беш аз 3,5 ҳазор нафар, ки аз рӯи маъюбӣ нафақа мегиранд, боздошта шуд.

«Аз теъдоди умумии нафақагирон дар асоси Фармоиши муштарак байни Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва Бонки давлатии амонатгузории ҶТ «Амонатбонк», пардохти нафақаи 3580 нафар муваққатан боздошт шуда, онҳо дар муоинаи такрории тиббӣ қарор доранд», — зикр мегардад дар ин робита дар маълумоти Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди ҳукумати ҷумҳурӣ.

Бино ба маълумоти Агентӣ, дар Тоҷикистон ба сурати умум 147 ҳазор нафар бознишастагон аз рӯи маъюбӣ нафақа мегиранд.

Ёдрас мекунем, ки соли 2014 дар Тоҷикистон нафақаи ғайриқонунӣ таъиншудаи 5,6 ҳазор нафар аз рӯи маъюбӣ бекор карда шуд.

Президенти ҷумҳурӣ он замон дастур дода буд, ки корҳои ошкор ва бекор намудани чунин нафақаҳо, ки то синнусоли муқарраршуда ё корношоям будан аз рӯи беморӣ таъин шудаанд, идома дода шавад.

То ин вақт Президент соли 2012 фармонеро ба имзо расонид, ки мутобиқи он ба Вазорати тандурустӣ дастур дода шуд, то ки рӯйхати шахсони аз рӯи маъбӣ нафақагирандаро тартиб дода, нафақаҳои ғайриқонунӣ таъиншударо ошкор ва бекор кунад. Ин рӯйхатро Вазорати тандурустӣ таҳия ва ба Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, ҳамчунин ба «Амонатбонк» пешниҳод кард.

Суғуртаи иҷтимоӣ дар Тоҷикистон дар ҳолати ба маъюбӣ гирифтор шудан ва доштани собиқаи суғуртаи на камтар аз 60 моҳ таъин карда мешавад.

Маъюбон дар Тоҷикистон ба се гурӯҳ (I,II ва III) дараҷабандӣ шуда, сатҳи аз даст додани коршоямиро мақомоти вакодатдори давлатӣ — Вазорати тандурустӣ муайян мекунад.

Андозаи миёнаи нафақаи суғуртавӣ (аз рӯи маъюбӣ) ва андозаи миёнаи нафақа дар ҷумҳурӣ айни замон 272 сомониро ташкил медиҳад. Андозаи миёнаи нафақаи меҳнатӣ ба 302 сомонӣ ва нафақаи иҷтимоӣ ба 146 сомонӣ баробар аст.

Шумори умумии  нафақахӯрон дар Тоҷикистон айни замон беш аз 660 ҳазор нафарро ташкил дода, ҳамасола барои пардохти нафақаи бознишастагон беш аз 2,7 млрд. сомонӣ маблағ зарур аст.

Бознашр аз Asia-Plus

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *