Парисо — Самарқанд
Маҳтоб
Дар ин маҳтоб шаби гӯё
Замин хобу замон хоб аст
Вале хоб аз ду чашми ман ҳадар дорад
Дар ин маҳтобшаб
Аҳли башар аз бода хароб
Сар ба сар мастанд
Сармаст
Ки ғарқи дуди офатҳост
Ҳазор андешаю майли дигар дорад.
Ягон рӯзе, ягон соле
Ҳамехушканд.
Боре чашмасори кӯҳ
Вале ҳаргиз
Намехушкад чашмасори дидагони ман
Ду чашми ман сафар дорад
Назар дорад ба сӯи моҳ
Ва мепурсад варо.
Чаро инқадр ғамгинӣ
Чаро аҳли замин хобу ту бедорӣ
Чаро охир намехобӣ
Магар чун ман зи умри хеш безорӣ
Ва ё дар интизори ёр
Ду чашми хастаат аз ашк
Ту худ бедор медорӣ
Ва ҳама посухи моҳи пур
Ба оҳи сарду рӯи зард.
Зи боби дард
Эй чашмон
Мепурсидам зи дарди ман
Бубинед ин набарди ману зулматҳо
Ки ман шабзиндадорӣ пеша бинмоям
Зи аҳли ишқ
В-андар интизори ёр
Ҳама шабҳо будам бедор
Зи шавқ оташ задам худро
Ва афкандам ҳама шаб нур
Ки то бишносадам аз дур
Ва то бишносадам масрур
Ба ҳар як кулба, вале чун з-ӯ нишонӣ нест
Андӯҳгини ҳамрозам
Ба ҳар як ошиқи мискин ҳамсозам
Ки шабҳояш басе бехоб мебошанд
Ки то танҳоии ӯ басо берангу бас бетоб мебошадро кунам равшан
Намехобам
Нахоҳам хобро
Имрӯзу фардо ҳам
***
Чой ва меҳмон
Аз пиёла ногаҳон рехт
Чойи гарм
Сабзу гулҳои астархонро шодоб менамуд
Мавҷ шудем
Ин баҳор ногаҳон
Дар дили гармопарастам шавқ ангехт
Дар димоғам бӯи ӯ рехт
Меҳмонист гарм дар роҳ
Меҳмон хоби шабҳои сиёҳ
Меҳмонхонаи дил
Он ниҳоли навбари ишқ
Оқибат дардод ҳосил.
***
Дарси меҳр
Аё тақдир
Биё инҷо
Ба ту мактаб кушоям ман
Туро дарсе бигӯям ман
Зи меҳру раҳм
Дар ин бобат ту чизеро намедонӣ
Ва бераҳмӣ зи худ беҳтар намешносӣ
Магар зиштии аҳриман
Бимонда бар ту меросе
Ва ё худ аҳриман ҳастӣ
Сари талхии ҷон ҳастӣ
Бақои дарду шар ҳастӣ
Ва ё ӯро парад ҳастӣ.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ