Парванда нисбати прокурор
Прокуратураи генералии Тоҷикистон дар нисбати Иззатулло Шамсуллозода, муфаттиши собиқи прокуратураи ноҳияи Ховалинг барои ба ҳалокат расонидани ду сокини ноҳияи Восеъ дар як садамаи нақлиётӣ, парвандаи ҷиноятӣ боз кардааст.
Ҳодиса шаби 14-уми июл дар шоҳроҳи деҳаи Меҳнатободи ҷамоати ноҳияи Восеъ рух додааст. Иззатулло Шамсуллозода ҳангоми ҳаракат аз самти Данғара ба сӯи Ховалинг, Рамазон Асламови 33-сола ва Фатҳулло Расулови 25-соларо зер кардааст. Бар асари ин садама Рамазон Асламов дар бемористон ва Фатҳулло Расулов се рӯзи баъди ин ҷон додаанд. Гуфта мешавад, ки ҳар ду қурбонии ин ҳодиса ҳини вуқӯи садама таҳти таъсири машрубот будаанд
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ