Парвандаҳои писари муовини аввали Сарвазир ва хабарнигори «Фараж» қатъ шудаанд

Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон пагоҳии 3 феврал нишасти матбуотиашро ин даъфа  дар симои муовини аввали Прокурори генералӣ Ҳотам Назарзода доир намуд.

Рӯзноманигорон пас аз шунидани гузориши мухтасари Ҳ. Назарзода оид ба натиҷаҳои фаъолияи мақомоти прокуратураи мамлакат ӯро саволборон карда, аз забони муовини аввалу сардорони раёсатҳо  посухҳои ҳайратангез низ шуниданд.

Масалан, Шариф Ҳабибуллоев, як масъули Прокуратураи генералӣ посух дод: «Пас аз баррасиҳо муайян шуд, ки садамаи нақлиётӣ бо айби  Фаромӯз Саидов -писари муовини аввали сарвазири мамлакат бинобар ҷой доштани нуқси техникии мошин сар задааст ва ба ҳамин далел ин парванда қатъ шудааст».

Моҳи сентябри соли гузашта, бар асари садама бо ширкати Фаромӯз Саидов дар Душанбе ду нафар ҷон бохта буданд. Парванда ҳоло аз тарафи муфаттиш қатъ карда шудааст ва барои баррасӣ ба додситонӣ пешниҳод шудааст.

Ҳол он ки мақомоти Вазорати умури дохилии Тоҷикистон қаблан гуфта буданд, ки дар робита бо садамаи автомобилии Фаромӯз Саидов аз рӯи моддаи 212-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, яъне “Вайрон кардани қоидаи ҳаракат дар роҳ ва истифодаи васоити нақлиёт парванда боз кардааст. Баъди боз шудани парвандаи ҷиноӣ, ин аснод ба Прокуратураи генералӣ, ҳамчун органи назоратӣ пешниҳод шудааст ва он бояд “дурустии қарори ВКД-ро баррасӣ кунад”.

Дар бобати натиҷаи парвандаи латукӯби хабарнигори ҳафтаномаи «Фараж» Доро Сӯҳробӣ (Маҳкамов) сардори Раёсати назорати фаъолияти милисаи Прокуратураи генералӣ Қурбонзода Шариф Абдулло чунин  посух гуфт: «Парвандаи мазкур бинобар исбот наёфтани ҳодисаи латукӯб аз ҷониби шоҳидони пеш аз ин пурсидашуда ва аз ҷониби хабарнигор шинохта нашудани полковнике, ки ӯро ба нозироти минтақавии маҳаллаи Гипрозем бурда, гӯё задаю таҳқир карда бошад, қатъ гардид».

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *