Парвандаи ҷадид нисбати духтари Президент
Прокуратураи генералии Ӯзбекистон нисбати Гулнора Каримова, духтари Ислом Каримов, президенти пешини ин кишвар бо айбномаи ғасби сармояи давлатӣ парванди нав боз кард.
Аз ҷумла, ӯ саҳмияҳои ду корхонаи сементи “Қуввасойсемент” дар вилояти Фарғона ва “Бекободсемент” дар вилояти Тошкандро бо нархи арзон харида ва онҳоро ба соҳибкорони хориҷӣ фурӯхта буд. Аз ин тариқ ба давлат хисороти ҷиддӣ ворид гардид.
Тибқи маълумоти Прокуратураи генералӣ, зарари воридкардаи Гулнора Каримова ҳудуди 2 миллиард долларро ташкил додааст.
Гулнора Каримова моҳи августи соли 2015 барои тамаъҷӯӣ ва сарпечӣ аз пардохти андоз боздошт шуда ва 18 декабри соли 2017 ба муддати 10 сол равонаи зиндон шуда буд. Дар моҳи марти соли ҷорӣ барои риоя накардан ба муқаррароти ҳабси хонагӣ ӯ ба зиндон мунтақил шуд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ