Парвандаи Фаромуз Саидов тамдид гашт

Тафтиши парвандаи ҷиноӣ дар робита ба садамаи маргбор бо иштироки Фаромуз Саидови 23-сола, писари Давлаталӣ Саидов, муовини аввали сарвазири Тоҷикистон барои ду моҳи дигар тамдид шудааст.

“Азия Плюс” бо такя ба иттилои манбаи худ дар Вазорати умури дохилии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки ин тасмим бо дархости додситонӣ барои анҷоми тафтиши комил ва воқеии ҳодиса гирифта шудааст: “Манбаъ аз шарҳи бештар худдорӣ намуд”.

Вазорати умури дохилӣ гуфтааст, ки дар бораи аз беморхона рухсат шудан ё нашудан ва дар чӣ ҳол қарор доштани Фаромуз иттилое надорад.

Сонеҳаи маргбор бо иштироки Фаромуз Саидов шаби 10 сентябри соли равон дар хиёбони Исмоили Сомонӣ рух дода, ду кушта барҷой гузошт. Бино ба иттилои ВКД, “дар натиҷаи ин ҳодиса Ҳилола Раҳимова, сокини 25-солаи Душанбе ва Рустам Сатторов, сокини ноҳияи Варзоб ҷон дода, худи Фаромуз Саидов бо ҷароҳатҳои ҷисмонӣ дар беморхона бистарӣ мебошад”.

Дар робита ба ин ҳодиса бар пояи моддаи 212-и Кодекси ҷиноӣ (вайрон кардани қоидаҳои ҳаракати роҳ ва истифодаи воситаҳои нақлиёт) парванда боз шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *