Парвандаи ҷиноӣ нисбати писари молики бозори “Султони Кабир”

Бар асари ин садама мусофирони мошин Саидҷаъфар Саидов ва Некзод Саҳобиддинзода дар маҳали ҳодиса ҷон бохта ва Кабир Кабиров ва Саидвалӣ Убайдуллоев ба бахши эҳёгарии бемористони “Истиқлол”-и Душанбе мунтақил шуданд.

Бино ба иттилои  Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 24 март нисбати ронанда Кабир Кабиров, писари 18-солаи Аваз Кабиров, молики бозори “Султони Кабир” парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Кабир Кабиров бо моддаи 212, қисми 3-и Кодекси ҷиноӣ, “вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, ки аз беэҳтиётӣ боиси марги ду ва ё зиёда нафар гардидааст” муттаҳам мешавад.

Кабир  Кабиров соати 22.30-и вақти маҳалии рӯзи 23 март бо мошини тамғаи “Лексус-450” дар хиёбони наздики бинои парлумони Тоҷикистон дар маркази Душанбе автомобилро идора карда натавониста ва бо суръати  баланд аввал ба деворчаи бетонии канори роҳ ва баъдан оҳанӣ бархӯрдааст.

Бар асари ин садама мусофирони мошин Саидҷаъфар Саидов ва Некзод Саҳобиддинзода дар маҳали ҳодиса ҷон бохта ва Кабир Кабиров ва Саидвалӣ Убайдуллоев ба бахши эҳёгарии бемористони “Истиқлол”-и Душанбе мунтақил шуданд.

Гуфта мешавад, Кабир Кабиров дошинҷӯи соли аввали факултаи равобити байналмилалии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон будааст.

Дар солҳои ахир дар Тоҷикистон бо ширкати фарзандони афроди бонуфуз ва сарватманд садамаҳои пурсару садо рух дода, бар асари онҳо чанд нафар кушта ва захмӣ шудаанд.

Ҳодисаҳои садама аз ҷониби Расули Амонуллоҳ, писари Амонулло Ҳукумов,раҳбари собиқи шииркати Роҳи оҳани Тоҷикистон дар соли 2013 ва садамаи Фирӯз Саидов, писари муовини сарвазири Тоҷикистон Давлаталӣ Саид аз ҷумлаи онҳост.

Вале дар бештари маворид гунаҳкорони ин садамаҳо ҷазои сазовор намегиранд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

5 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *