Парвандаи сармуҳосиби Бахши фарҳанги шаҳри Кӯлоб ба суд рафтааст (аудио)
Тасарруфи моликияти давлат ва сохтакории сармуҳосиби Бахши фарҳанги шаҳри Кӯлоб ошкор гардидааст.
Оҷонсии зидди фасод дар сомонааш хабар нашр кард, ки Шарипов Абдулҳамид Олимович ба давлат ба миқдори махсусан калон зарар расонидааст.
Гуфта мешавад, ки Шарипов Абдулҳамид Олимович дар вазифаи сармуҳосиби Бахши фарҳанги шаҳри Кӯлоб ва тариқи шартномавӣ чун сармуҳосиби мактаби №34-и ин шаҳр кору фаъолият мекардааст.
Оҷонсии зидди фасод менависад, ки “номбурда дар давоми фаъолияти кориаш бо мақсади тасарруфи молу мулки ғайр дар якчанд ҳолат бо роҳи сохтакорӣ маблағи умумии 209880 сомониро ҳамчун музди меҳнат ба суратҳисоби корти пластикиаш интиқол додааст. Сипас Шарипов А. О. маблағи зикршударо нақдӣ намуда, онро бо роҳи азонихудкунӣ ба тасарруфи худ даровардааст ва дар натиҷа бо ин амали ғайриқонуниаш ба давлат ба миқдори махсусан калон зарари молиявӣ расонидааст”.
Нисбати Шарипов Абдулҳамид бо моддаҳои 245 ва 323-и Кодекси ҷиноятӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, баъди анҷоми тафтиши пешакӣ бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол гардидааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ