Парвариши афюн ва бангдона қонунӣ мешавад

Ҳукумати Русия лоиҳаи қонунеро тасдиқ кард, ки имкони дар ҳудуди Русия парвариши ниҳолҳои афюн ва бангдонаро медиҳад.

Дар шароити таҳримҳо воридоти бархе аз маҳсулоти хориҷӣ барои доруворӣ номумкин гардида, ҳукумати Русия тасмим дорад, бо қабули чунин қонуне камбуди ин навъи маҳсулотро ҷуброн кунад.

Дар ин бора хабаргузории РБК бо такя ба вазири саноат ва тиҷорати Русия Денис Мантуров хабар дод.

Дар ҳоли ҳозир дар Русия 13 навъи доруи афюнӣ сабт шудааст, ки 9 адади он ба рӯйхати доруҳои дорои аҳамияти ҳаётӣ шомил ҳастанд. Ин дар ҳолест, ки қонуни федеролӣ «Дар бораи маҳсулоти мухаддиротӣ ва моддаҳои психотропӣ» парвариши маҳсулоти мухаддиротиро дар ҳудуди Русия манъ мекунад.

Мантуров мегӯяд, Русия дар ҳоли ҳозир тақрибан 100 дарсади маҳсулоти мухаддиротиро барои истеҳсоли доруҳояш аз хориҷ мехарад. Вероника Сквортсова, вазири тандурустии Русия гуфт, аз 10 9 кишваре, ки чунин маҳсулотро ворид мекунанд, зидди Русия таҳрим ҷорӣ кардаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *