Парвин Юсуфӣ: Бекориро дӯст намедорам
Парвин Юсуфӣ сарояндаи мумтоз, ҷаззоб ва хушсадои тоҷик, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон, Лауреати ҷоизаҳои зиёд ва фестивалҳо, бар замми рассоми мумтоз буданаш, боз аз ҳунари квиллинг низ бархӯрдор аст. Бо ин ҳунарманди маъруф, ки аллакай барои чанд насл маҳбуб гаштааст, ҳамсуҳбат шудем ва фишурдаи онро манзури шумо мегардонем.
-Парвин, шумо чӣ гуна ба ҷодаи санъат ворид шудед?
— Аслан ҳунари сарояндагӣ туҳфаи илоҳӣ аст. Ин истеъдод аз модарам ба ман гузашт. Дар ёд дорам, ки аз 3-солагӣ ҳамроҳи модарам бо ду овоз ҳамсароӣ мекардем. Ҳамсояҳо ба гӯш кардани мо меомаданд, аз ҳамон давра истеъдоди ман маълум шуд. Аз рӯзе, ки худро ёд дорам, орзуи сароянда шуданро дар дил мепарваридам. Модарам, ки худ овози хуб ва шунавоии олии мусиқӣ дошт, бо ман машқ мекард. Ӯ аввалин устоди ман буд. Маро ба мактаби мусиқӣ бурданд, аммо таҳсил дар он ҷо муяссар нагардид. Мо дар оила чор фарзанд будем. Падарам зуд-зуд ба сафарҳои хизматӣ мерафтанд, аз ин хотир, модарам азият мекашиданд. Азбаски дар хурдсолӣ садои нодири пасти занона доштам, аз садои худ хиҷолат мекашидам. Бачаҳо маро масхара мекарданд, калонсолон аз модарам оиди овозам пурсон мешуданд. Модарам дар ҷавоб мегуфт, ки “овози духтарам табиатан ҳамин хел аст”. Баъдан ин хислати садои ман, барои дар жанрҳои гуногун сароидан кӯмак мекард, бароям сароидани ҷаз, блюз, классика, эстрада хеле осон мешуд.
-Дар эҷодиётатон сурудҳое доред, ки муаллифаш худатон ҳастед?
-Ҳар як эҷодкор бояд дар эҷодиёташ чизе аз худ дошта бошад. Албатта сурудҳое дорам, ки муаллифи ҳам матн ва ҳам оҳангаш худам ҳастам. Аммо бештар ба ашъори шоирон мусиқии худро пайвастам.
-Ин раванд чӣ тавр амалӣ мегардад?
-Ҳолатҳое мешавад, ки шеъреро хонда, илҳоми ба он мусиқиро бастан пайдо мешавад. Ба фикри ман, ҳар як шахс бо кайҳон, бо тамоми мавҷудот пайваст мебошад. Эҷодкор бошад, ҳиссиёти маҳинтарро доро буда, қалби нозукаш эҳсосоти бештар дорад. Ҳолате, ки илҳоми эҷодӣ меояд, хеле аҷиб ҳаст.
-Аввалин устоди худ киро мешуморед?
-Ман дар гурӯҳи “Интерклуб”, ки дар бинои ҳозираи Филармония, собиқ Қасри иттифоқҳои касаба фаъолият дошт, овозхонӣ мекардам. Рустам Назаров аввалин устоди ман ҳастанд, ки тарзи дурусти сароидан, нафаскашӣ ва тамоми нозукиҳои санъатро омӯзонданд. Ман Рустам Назаровро баробари падар медонам. Устодам мусиқачӣ ва овозхон буда, ҳоло дар Москва умр ба сар мебарад. Мо фақат зинда месароидем. Баъдан маро ба гурӯҳи “Пайкар”, ки дар назди “Хазинаи маданият” фаъолият мекард, таклиф карданд. Ба назди мо Мақсудшо Иматшоев меомад, ки дар ҷодаи санъат ҳамчун актёр, коргардон, шоир, сенариянавис хеле машҳур буда, ҳамзамон муаллифи шеъри “Чак-чаки борон” мебошад. Ӯ сурудҳоеро, ки кайҳо фаромӯш шудаанд, аз нав зинда карда, ба ҳунармандон пешкаш менамуд. Рӯзе ба ман суруди “Гиря мекунам”-ро пешниҳод кард, ки то ҳол мардум онро гӯш мекунанду клипашро дар интернет тамошо мекунанд. Мақсудшо Иматшоев дар телевизиони “Шабакаи аввал” кор мекарданд. Ҳар вақте мо ба телевизион барои ширкат варзидан дар барномаҳо меомадем, шоҳиди он мешудем, ки Мақсудшо иштирокчиёнро тайёр мекард, истеъдоди ниҳонияшонро мекушод ва ҳунармандон зимни баромад кардан азият намекашиданд. Мутаассифона, Мақсудшо дар як садамаи нақлиётӣ аз ҳаёт рафт. Суруди дигар “Ман ғам намехӯрам”, ки муаллифи он Абдураҳмон Мирзоев мебошад, маро шӯҳратёр кард. Шодравон Соҳиб Нозимов ба ман суруди “Эй шайх, нарасидӣ” ба шеъри шоири классик Абдураҳмон Мушфиқиро тақдим кард. Бо Соҳиб кор кардан ба ман мушкилие надошт, мо якдигарро аз ним сухан мефаҳмидем. Шодравон Владимир Юматов –ҳофиз ва оҳангсоз буданд, ки бо истеъдоди нотакрори худ дар эҷодиёти бисёр ҳунармандон саҳми босазои худро гузоштаанд. Аз қисмат миннатдорам, ки бо чунин шахсони бузург вохӯриҳои тақдирсоз доштам.
— Кадом хислатро дар худ ва одамон қабул надоред?
— Мутаассифона, дар ҷодаи санъат рақобати носолим вуҷуд дорад ва умуман, дар ҳаёт шахсони боистеъдод ба таҳқири ҳасодат ва бадбинии ҳасудон дучор мешаванд.
-Феълан бо кӣ ҳамкорӣ доред?
-Айни замон бо Шералӣ Раҳимов ҳамкории эҷодӣ мекунам.
-Шумо бо як намуди санъати дастӣ-квиллинг машғул ҳастед, чӣ тавр шуд, ки ба он майл кардед?
-Бекориро дӯст намедорам ва дар худ қабул намекунам. Дар давраи коронавирус, ки аксари мардум дар хона буданд, хостам як шуғле дошта бошам, ки ҳам зебо бошаду ҳам онро ба дўстон тақдим карда шавад. Квиллинг-санъати коғазтобдиҳӣ аз коғазчаҳои борик мебошад, ки ин ба як тасвири композитсионимубаддал мегардад. Ба ин намуди санъат дил баста, корҳои тасвирии зиёде омода кардам, ки онҳоро дар намоишҳои ҳунарҳои мардумипешкаши тамошобинон карда будам. Ҳатто дар яке аз намоишҳо сазовори љои дуюм, ифтихорнома ва мукофот гардидам. Инсон бояд пайваста худро даргири коре кунад, доим дар ҷӯстуҷӯи эҷодӣ бошад. Квиллинг дар Тоҷикистон нав паҳн шуда, рӯз то рӯз ҳаводорони худро пайдо карда истодааст. Ҳоло коллексияи корҳои квиллингии худро ҷамъоваринамуда истодаам ва орзу дорам, ки намоиши шахсии худро пешкаши тамошобинон гардонам.
-Дар охир чигуфтание ба хонандагони “Оила” доред?
-Мехоҳам дар тамоми љаҳон сулҳ пойдор бошад. Ба ҳамаи тољикистониёни сарзамини мо ва берун аз марз саломатї, хушбахтива амалигаштани орзуҳои некашонро орзумандам. Доим ба худ боваридошта бошед, дар худ беҳтарин хислатҳоро парвариш кунед. Дар байни аввалинҳо аввалин бошед!
Саида Рустамова , мусиќишинос мудири шуъбаи фарњанг ва санъатшиносї -ПИТФИ (Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот)
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ