Парвина Саидова модилери тоҷик рӯ ба сарояндагӣ овард
Парвина Саидова яке аз чеҳраҳои намоёни кишвар, ки дар ҷаҳон ҳамчун модилери зеботарин шинохта шудааст, имрӯз суруди аввалини хешро пешкаши мухлисонаш гардонд.
Суруди Парвина «Аладдин ном дошта, бо забони русӣ суруда шудааст. Парвина бо чеҳраи зебои тоҷиконааш дар дилу дидаи мардуми олам ҷой ёфтааст ва дар чандин фестивалҳои берун аз марзӣ ширкат варзида ҷойҳои намоёнро ишғол намудааст.
Қайд кардан ба маврид аст, ки модели 27-солаи тоҷик Парвина Саидова, ки 5 фарзанд дорад,соли гузашта дар даври ниҳоии ҷашнвораи муду зебоии «WORLD BEAUTY ASTANA 2016»унвони «Missis International-2016»-роба даст оварда буд. Парвинаро барои ҳусни нотакрор ва ҳунари истоданаш дар саҳна тарроҳи машҳури либос Пер Карден ба Порис даъват кард.
Зимнан рӯзи 13 сентябр Парвина Саидова нахустин таронааш бо номи «Аладдин»-ро нашр менамуд,ки метавонед аз ссилкаи дар зер буда тамошо намоед.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ