Парвиз Ашӯров дар бораи хислатҳои бади Фараҳноз гуфт

Дар ютубканали “Шоу ситораҳо” мусоҳибаи муфассали ровӣ, актёр ва продюсер Парвиз Ашӯров нашр гардид, ки зиёдтар доир ба фаъолияти мусоҳиб бо овозхони ҷавон Фараҳноз Шарафова буд.

Нахуст, ӯ дар мавриди якдигарфаҳмиашон бо Фараҳноз чунин мегӯяд:

— Дар аввал осон набуд, зеро аз хислатҳои ҳамдигар бохабар набудем. Вале ҳоло ҳамааш хуб аст ва бо ишора ҳам якдигарро мефаҳмем. Чун продюсер дар ҳаёти овозхон нақши калидӣ дорад ва нокомиву муваффақияти ҳар сароянда ба ӯ вобаста аст.

Парвиз Ашӯров доир ба гапгирӣ ва хислатҳои неку бади ҳамкораш чунин иброз медорад:

— Инсони хоксор аст, заминӣ аст, чеҳрахандону чеҳракушод аст. Ҳамчунин, дасти бахайр ҳам дорад. Дар мавриди хислатҳои бадаш гӯем, камтар танбал аст, хобро бисёр дӯст медорад.

Дар идомаи суҳбат Парвиз Ашӯров доир ба фаъолияташ дар телевизионҳои “Баҳористон”, “Сафина”, “Тоҷикистон” ва “Душанбе” суҳбат карда, мегӯяд, ки лаҳзаҳои хуби ҳаёташ буданд ва аз мактаби ҳамаи онҳо гузаштааст. Иловатан, мегӯяд, ки ният дорад боз ба телевизион баргардад.

Ҳамчунин, доир ба филми “Умеди зиндагӣ” сухан меравад. Яъне, дастандаркорони ин филм гуфта буданд, ки филми мазкур аз сад қисм иборат хоҳад буд, вале бо сабаби мушкили молӣ ҳатто даҳ қисм ҳам таҳия нашуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *