Парвиз Ашӯров: Инсон бояд бо Худо рост бошад
Парвиз Ашӯров хатмкардаи факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст ва солҳои зиёд дар шабакаҳои телевизионии кишвар фаъолият намудааст. Аммо ду соли охир самти корашро каме тағйир дод ва ҳамчун продюсери муваффақ шинохта шуд. Ӯ дар ҳамкорӣ бо сарояндаи хушовоз Фараҳноз Шарафова ба муваффақияти зиёд ноил гашт ва бори дигар исбот кард, ки продюсерӣ дар кишвари мо рушд карда истодааст.
Ҳамчунин, ба наздикӣ дар шаҳри Душанбе Маркази продюсерии “Parus” ба фаъолият оғоз кард, ки яке аз дастандаркоронаш Парвиз Ашӯров мебошад. Мо бо ин ҷавони соҳибистеъдод ва сарсупурдаи кори худ доир ба зарурати таъсиси маркази продюсерӣ, бурду бохти ин касб, шуҳратёр шудани Фараҳноз ва ғайраҳо суҳбат намудем, ки фишурдааш манзури хонандагон мегардад.
— Сараввал, шуморо ҷиҳати ба фаъолият оғоз кардани Маркази продюсерии “Parus” табрик мекунем. Идеяи таъсиси ин марказ чӣ гуна пайдо шуду киҳо дар бунёд ёфтани он саҳм доранд?
— Ростӣ, идеяи таъсиси марказ дар фикри се нафар- ман, Зикриё Раҳимов (журналист) ва Умед Сатторов (дизайнер) пайдо шуд. Яъне, ин марказро мо ҳамроҳ таъсис додем. Ҳамчунин, дар таъсис ёфтани он Умед Раҷабов ҳам хизмати калон кардааст.
— Ба андешаи шумо зарурати фаъолияти Маркази продюсерии “Parus”дар чист?
— Аслан, ташкил ёфтани марказ дар кишвари мо кори нав нест, зеро дар шаҳри Хуҷанд аллакай чунин марказҳо фаъолият мекунанд. Зарурати вуҷуд доштани маркази мазкур пеш аз ҳама ба хотири баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои вобаста ба ҳунармандон, ташкили маъракаҳои хурсандӣ, ба тартиб овардани ҳама гуна маросимҳост. Яъне, мо мехоҳем бо фаъолияти ин марказ дар масъалаи ташкили ҷашну маросимҳои хурсандӣ, консертҳо, барномаҳои фарҳангӣ ва ғайраҳо бо ҳунармандон ҳамкорӣ кунем ва сифатро боз ҳам баланд бардорем. Дар умум, дар рушди шоу-бизнеси тоҷик саҳмгузор бошем.
— Асосан, Маркази продюсерии “Parus” чӣ гуна ба шоу-бизнеси тоҷик ва умуман ҳаводорони ҳунар хизмат карда метавонад?
— Мо бо ҳунармандон дар масъалаи баргузории консертҳову тӯйҳо, интихоби матну суруд, таҳия намоҳангҳо ва ғайраҳо ҳамкорӣ мекунем. Дар дохилу хориҷи кишвар намоҳангҳояшонро бо сифати аъло таҳия мекунем. Консерти ҳунармандони худамонро дар хориҷу барномаҳои фарҳангии ҳунармандони хориҷро дар кишвар ташкил мекунем.
— Ба фикри шумо дар мо соҳаи продюсерӣ то кадом андоза рушд кардааст?
— Ман бо боварӣ гуфта метавонам, ки ин соҳа рӯз аз рӯз рушд карда истодааст. Имрӯз, ҳам продюсерон ва ҳам ҳунармандон хуб дарк мекунанд, ки бояд кадом корҳоро анҷом бидиҳанд ва барои беҳтарсозии фаъолияти худ аз хизмати ҳамдигар истифода бурдан ҳамеша ба фоидаи кор аст.
— Маркази шумо бо киҳо ҳамкорӣ мекунад ва умуман чӣ гуна ҳамкориҳо ба роҳ монда мешаванд?
— Бо ҳама касоне, ки ба шоу-бизнес аз ягон ҷиҳат алоқамандӣ доранд. Мо омодаем, ки бо ҳунарманду ҳунарпешаву моделу блогеру умуман ҳама эҷодкорон ҳамкорӣ кунем.
— Кушодашавии марказро бисёр олӣ гузаронидед. Мухлисон кай навори маросимро интизор шаванд?
— Мо аллакай порае аз навори маросимро дар шабакаҳои иҷтимоӣ гузоштем. Рӯзҳои наздик шакли пурраашро дар саҳифаи ютубии марказамон мегузорем.
— Шумо хатмкардаи факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳастед ва солҳои зиёд дар телевизионҳо фаъолият доштед. Чаро соҳаатонро иваз кардед ва рӯ ба продюсерӣ овардед?
— Ман тӯли 11 сол дар шабакаҳои телевизионии кишварамон фаъолият кардам ва аз ин минбар бори дигар ба тамоми роҳбарони шабакаҳо изҳори сипос мекунам. Телевизион хонаи дуюми ман буд, ҳаст ва мемонад. Ҳоло ҳам корҳое, ки карда истодаам, маҳз бо ташаббуси омӯзиши мактаби телевизион аст. Телевизион даргоҳи муқаддас, илм ва омӯзиш аст. Он ҷо метавон ҳама чизро омӯхт, зеро бо намояндагони касбҳои гуногун вохӯриву суҳбат мешавад. Шояд ман боз ба телевизион баргардам. Шукр мекунам, ки дар шабакаҳо кор кардам. Дар масъалаи ба продюсерӣ рӯ оварданам бошад, танҳо гуфта метавонам, ки ҳоло кори дӯстдоштаамро карда истодаам.
— Ду соли охир дар шоу-бизнеси тоҷик ду ситора пайдо шуд. Яке продюсер, дигаре сароянда. Яъне, шумо ва Фараҳноз Шарафова. Чӣ гуна ин муваффақиятатонро шарҳ медиҳед?
— Вақте ки мо корро бо Фараҳноз оғоз кардему то андозае дар шоу-бизнеси тоҷик маҳсули эҷодамон пазируфта шуд, барои дигарон намуна ва як навъ ангезаву роҳкушоӣ буд. Яъне, бисёриҳо диданд, ки мо тавонистем ва кори гурӯҳӣ чӣ гуна самараи хуб медиҳад. Ва шукр, ки бисёриҳо низ пас аз мо оғоз карданд ва ҳоло натиҷаи хуб пешниҳод намуда истодаанд. Бояд бигӯям, ки мо самимӣ ва сидқан кор кардем. Кори дӯстдоштаамонро аз таҳти дил иҷро намудем ва ҳамин аст формулаи комёбии мо.
— Шумо Фараҳнозро маъруф кардед ё ӯ шуморо, зеро мардум махсус Фараҳнозро бо хизматҳои шумо шинохтанду шуморо ҳамчун продюсери ӯ.
— Ман 14 сол боз дар шоу-бизнеси тоҷик ҳастам. Пеш аз ҳамкорӣ бо Фараҳноз бо дигарҳо ҳам кор мекардам. Хатогиву нофаҳмиҳое, ки дар корҳои пешина буданд, кӯшиш кардам, ки миёни ману Фараҳноз набошанд. Яъне, ман тавонистам таҷрибаи гирифтаамро дар ҳамкорӣ бо ӯ хубтар истифода барам ва корамонро дар дараҷаи аъло иҷро кунем. Шукр, ҳар коре, ки бар зиммаи ман ҳамчун продюсер вогузор аст, ба хубӣ анҷом медиҳам ва тавре мебинед, оҳиста-оҳиста номи Фараҳноз ҳамчун сароянда хеле машҳур шуд ва албатта, баробари номи сароянда мавқеъ ва номи продюсер ҳам шинохта мешавад. Яъне, чун Фараҳноз истеъдоди хуб дорад, мо тавонистем ба ҳамдигар ном диҳем.
— Кори продюсерӣ чӣ мушкилиҳо дорад?
— Дар ин кор мушкилиҳо зиёданд. Продюсер барои ҳар кори қабул кардааш ҷавобгӯ аст ва бояд онро дар дараҷаи олӣ иҷро намояд. Умуман, кору бедорхобиҳо дар ин машғулият хеле зиёданд. Ин корро намешавад сар-сарӣ кард. Бояд инсон чусту чулок бошад, бояд инсон бо Худо рост бошад, бояд кордон бошад, то ки кораш пеш равад.
— Ин касбро чӣ гуна ва дар чанд муддат омӯхтед?
— Ростӣ, дар аввал дар бобати ин касб таассурот надоштам ва чандин сол бо ҳунарманд Далери Хайриддин корҳои маъмурӣ мекардам. Вақте ки бо Фараҳноз Шарафова корро оғоз кардем, назариявӣ фаҳмиши кам доштам, балки корҳои ташкилиро барои ҳунарманд анҷом медодам ва пас аз чанде мардум худашон маро ҳамчун продюсер шинохтанд ва қабул карданд. Шукр, дар ин самт аз продюсерони дохилу хориҷ таҷриба гирифтам ва рушд кардам.
— Ҳоло продюсери кадом сарояндаҳо ҳастед?
— Пас аз таъсиси Маркази продюсерии “Parus” омодаам, ки бо дилхоҳ ҳунарманд ҳамкорӣ кунем.
— Барои продюсери муваффақ шудан чӣ бояд кард?
— Бояд пеш аз ҳама назди виҷдони худ осуда бошем. Кина надошта бошем. Кори худро дӯст дорем, зеро ҳар кас метавонад бо кори дӯстдоштааш муваффақ гардад.
— Чӣ нақшаҳои эҷодӣ доред?
— Мо дар марказ ният дорем барнома-озмуни “Садо” (шакли тоҷикии барномаи “Голос”)-ро пешниҳод кунем. Барномаву консертҳои хотирмонро ба ҳаводорон пешниҳод намоем. Дар умум, то ҷон дар бадан дорем, шукронаи ин ободиву озодии Ватан карда, ба ин халқу миллат хизмат мекунем. Зеро он имконоте, ки Ҳукумати кишвар, махсусан Пешвои миллат барои мо ҷавонон дар ин давлати озоду ягона муҳайё карданд, барои дилхоҳ кори хубро кардан басанда ҳастанд. Мо дар хизмати халқ ҳастем.
Меҳрубон
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ