Парвиз аз дӯзахи Сурия гурехт
Давлати исломӣ ҳамарӯза бо шиорҳои дурӯғини ҷиҳод ва мубориза барои ҷорӣ намудани исломи пок ҳазорон одамони содаю зудбоварро аз мамолики гуногуни олам ба доми худ меафканад.
Аксари шахсоне, ки ба фиребу найранги ин “мубаллиғони ислом” дода шуда, ба Сурия ба ҷиҳод мераванд, баъди ба ин кишвари ҷангзада расидан, бо дидани ваҳшати ҷанг ва хунрезию хунхории “Давлати исломӣ” аз карда пушаймон шуда, роҳи бозгашт меҷӯянд, вале ба кам андар кам касон муяссар мегардад, ки аз ин дӯзахи рӯйи замин фирор намуда, зиндаву саломат ба Ватан ба назди волидон ва аҳли хонаводаи худ баргарданд. Парвиз Шарипов низ муддати нуҳ моҳ дар “Давлати исломӣ” буд. Суҳбати мо бо ин ҷавони фиребхӯрдаи тоҷик дар боби дидаву шунидаҳояш дар “Давлати исломӣ” аст.
-Парвиз, тибқи маълумоти ба мо расида, шумо 9-моҳ дар Сурия будед. Мегуфтед, ки чӣ тавр ба ин кишвар афтидед?
-Моҳи сентябри соли 2016 тавассути шабакаи иҷтимоии «Одноклассники» бо як ҷавон шинос шудам. Ҳамон дӯсти интернетиам мудом дар бораи исломи пок гап зада, мегуфт, ки ҷиҳод дар роҳи ислом барои ҳар як фарди мусалмон ҳам фарзу ҳам қарз аст. Мани аз асли ислом бехабар ба гапҳои подарҳаво ва пур аз макру фиреби ҳамон дӯстам дода шуда, рӯзи 27 сентябр аз донишгоҳ ба шаҳри Москва парвоз кардам. Аз он ҷо ба Туркия ва аз Туркия ба Сурия рафтам.
-Аз Туркия бо тайёра ба Сурия парвоз кардед ё…?
—Сарҳади Туркияро ғайриқонунӣ убур намудам. Дар ҳудуди ин кишвар нуқтае ҳаст, ки ҳукумати Туркия онро дуруст назорат намекунад. Мо бо воситаи ҳамин нуқта вориди Сурия гаштем.
-Дар Туркия худро сайёҳ муаррифӣ кардед ё муҳоҷири корӣ?
-Ростӣ, чизе нагуфтам. Вақте вориди Туркия шудем, одамони гурӯҳи “Давлати исломӣ” моро истиқбол гирифтанд. Онҳо бо мошинҳои махсус омада буданд ва чизеро напурсида, моро ба автобусҳояшон савор карданд. Хуб медонистанд, ки ин одамон ба Сурия барои ҷанг кардан омадаанд, ҳоҷати пурсуҷӯ кардан набуд.
—Ба шумо чӣ қадар пул ваъда карда буданд: даҳ ҳазор, бист ҳазор ё сад ҳазор доллар?
—Ман ба хотири пул ба Сурия нарафта будам. Ҳамон дӯстам дар бораи ислом бисёр сухан карда “ҷиҳод фарз аст” мегуфт. Рафтам, то ки қарзи худро ҳамчун мусалмон адо намоям, вале…
-Вале чӣ?
-Аз рӯзи аввали ба Сурия афтиданам, пай бурдам, ки он чӣ дар бораи “Давлати исломӣ” ба мо мегуфтанд, ҳамааш дурӯғи маҳз ва танҳо макру фиреб будааст. Исломи пок мегӯянду одамони бегуноҳро мекушанд, сар мебуранд, оташ мезананд…
-Шумо ҳам дар ҷангҳо иштирок доштед?
-Хушбахтона, ман дар ҷанг иштирок надоштам ва дастонамро ба хуни одамӣ наолудаам.
-Магар ба ҷиҳод рафта дар ҷанг иштирок накарда мешавад?
-Вақти ба Сурия ворид шудан, моро дар қароргоҳ манъ карда, баъд ба гурӯҳҳо тақсим намуданд. Аз ҳар одами нав омада мепурсиданд, ки чӣ касб дорад. Вақте аз ман пурсиданд, гуфтам, ки донишгоҳ хондаам ва кӯмаки тиббӣ расонидан аз дастам меояд. Маро ҳамчун ёрдамчии духтур ба беморхона фиристоданд.
-Навакак гуфтед, ки дар Сурия бо номи исломи пок одамони бегуноҳро бераҳмона ҷазо дода, мекушанд, оташ мезананд, сарашонро аз тан ҷудо мекунанд. Дар ҷанг иштирок накарда бошед, ваҳшонияти ҷангро аз куҷо медонед?
-Ҳар рӯз ба беморхонае, ки ман он ҷо ёрдамчии духтур шуда кор мекардам, даҳҳо одамони захмишударо меоварданд, ки дар майдони набард баъзеашон аз даст, баъзе аз пой, бархи дигар аз чашм маҳрум гашта буданд. Ҳамон захмиҳо ба ман ваҳшати ҷангро нақл мекарданд. Аксарияташон афсӯс мехӯрданд, ки ба суханони мубаллиғони ба ном “Давлати исломӣ” дода шуда, бо ихтиёри худ ба ин ҷаҳаннам омаданд ва хуни ноҳақи бисёре рехта, на танҳо ин дунё, балки охираташонро низ бо дасти худашон сӯхтанд ва ба ғазаби Худованд гирифтор гашта, маъюбу маслуқ шуда монданд.
-Кор бо одамони бе дасту бе по бароятон мушкил набуд?
-Дар аввал бисёр мушкил, ҳатто даҳшатовар буд, вале баъд одат кардам, чунки ҳар рӯз чунин одамонро ба наздамон меоварданд.
-Мегӯянд, ки вақте дар Сурия ягон мард кушта мешавад, занашро зӯран ба никоҳи марди дигар медароранд ва дилашон ҳарчи ки хоҳад, бо занҳо кардан мегиранд. Ин овозаҳо ҳақиқат доранд?
—Ман дар он ҷо зан нагирифтаам, вале мешунидам, ки агар занеро шавҳараш вафот кунад, зуд ӯро бо дигар мард никоҳ мекунанд, чунки дар он ҷо мардҳо бисёру зан бошад хеле кам аст.
-Кӯдакон мисли гул ҳастанд ва ба баду неки ҷаҳон кор надоранд. Чаро кӯдакони бегуноҳро мекушанд?
—Аслан кӯдакон дар муҳорибаҳо иштирок намекунанд, вале ҳангоми таркишҳо сахт маҷруҳ гашта, бе дасту бе пой мешаванд, мемиранд…
-Дар видеороликҳо мебинем, ки чӣ тавр ҷавонони ришдор сари ин ё он касро аз танаш ҷудо месозанд ё гурӯҳи калони одамонро пешандоз карда меоранду тирборон мекунанд. Барои кадом гуноҳашон одамонро чунин ҷазоҳои бераҳмона медиҳанд?
-Вақте ки гурӯҳи «Давлати исломӣ» ҳудуди муайянеро ишғол мекунад, сокинони ҳамон минтақаро бо қатлу зӯроварӣ ба худ мутеъ месозад. Шахсони бегуноҳро сар буридаву оташ зада, ба андешаи худашон онҳо бо ҳамин восита одамонро ба роҳи ислом медароранд. Вой бар ҳоли касе, ки сари луч мегардад! Аъзоёни гурӯҳи “Давлати исломӣ” дарҳол сари чунин одамро аз танаш ҷудо мекунанд ё зинда ба зинда ӯро оташ мезананд, то ки ба дигарон дарси ибрат шавад ва чашмашон тарсад. Ногуфта намонад, ки вақте ҷанг мешавад, аксари ҷавонон рӯ ба гурез мениҳанд ва бештар занону кӯдакон, ки имкони фирор кардан надоранд, ба дасти аъзоёни ин гурӯҳ афтида ҷабру ҷафо мебинанд. Касе, ки аз фармони онҳо саркашӣ мекунад, сахт ҷазо мебинад.
-Парвиз, чӣ гуна ба шумо муяссар гашт, ки байни оташи ҷанг аз “Давлати исломӣ” фирор намоед?
-Баробари ба Сурия расидан, аз карда пушаймон шуда, ният кардам, ки мегурезам, вале шунидам, ки аксари ҷавонони фироркарда аз сарҳад бе ному нишон мешаванд ва ҳатто мурдаашонро намеёбанд, барои ҳамин аз азмам гашта, фурсати муносибро интизор шудам. Раҳмат ба модарҷонам, ки маро руҳан дастгирӣ намуда, роҳҳои ба Ватан баргаштанро нишон доданд. Вақте ҳамаи ҷанговарон ба сӯи Ироқ рафтанд, амнияти шаҳри Минвич суст гашт ва ман аз фурсат истифода бурда, бо такси ба сарҳад омада, ба Туркия гузаштам. Кормандони полиси Туркия маро дастгир карданд ва ба дастам телефон доданд, ки ба аҳли оилаамон занг занам. Вақте ба волидонам хабар додам, ки ман аллакай аз хоки Сурия баромадам ва дар дасти кормандони полис ҳастам, онҳо зуд ба амният, амният ба сафоратхона занг заданд ва маро аз Туркия ба Тоҷикистон оварданд. Бо дастгирии маънавии модарам ва бо кӯмаки Кумитаи амнияти миллӣ ман зиндаву саломат ба хона ба назди волидон ва пайвандонам баргаштам ва то охирин лаҳзаи умр аз онҳо миннатдорам.
-Наметарсидед, ки шуморо ҳамчун хоин ҳабс мекунанд?
-Ростӣ, аввалҳо метарсидам, барои ҳамин дудила будам, вале модарам пайваста тариқи интернет ба ман менавиштанд, ки давлату ҳукумати Тоҷикистон ҷавонони мисли ман фиребхӯрдаро албатта афв мекунад. Суханони модарам маро қувват бахшиданд.
-Ҳоло бо чӣ кор машғулед?
-Барои барқарор кардани донишгоҳам талош дорам, вале бенатиҷа…
-Дар охир ба ҷавонон чӣ гуфтанӣ ҳастед?
-Ба тамоми ҷавонон гуфтаниам, ки ба гапҳои ҳар кас фирефта шуда, ба ҳар хел гурӯҳҳои ифротгаро ворид нашаванд, чунки оқибаташ танҳо пушаймонӣ аст. Оромию осоиштагии ватану давлати худро мисли гавҳараки чашмашон азиз донанд. Тинҷиву амонӣ беҳтарин неъмати парвардигор аст. Касе, ки ба қадри ин неъмат нарасад, кӯр мешавад!
Маҳинаи Давлат
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ