Парвозҳои башардӯстона дар масири Варшава-Душанбе

Сафорати Тоҷикистон дар Берлин иттилоъ медиҳад, ки дар натиҷаи ҳамкории муштарак бо Агентии амнияти сарҳадӣ ва соҳилии Аврупо (Frontex) ва Хадамоти марзбонии Ҷумҳурии Лаҳистон рӯзҳои 10-11-уми марти соли 2022 бо мақсади бозпасгардонии шаҳрвандони тоҷикистонӣ ду парвози башардӯстона дар масири Варшава-Душанбе сурат гирифт.

Гуфта мешавад, ки тавассути парвозҳои чартерӣ 305 шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон (теъдоди зиёди занону кӯдакон) ба Ватан баргардонида шудаанд.

— Бақайдгирии шаҳрвандони тоҷикистонӣ дар Лаҳистон аз ҷониби намояндагии дипломатӣ идома дошта, дар марҳилаҳои навбатӣ имконияти танзими парвози иловагии башардӯстона бо мусоидати Агентии амнияти сарҳадӣ ва соҳилии Аврупо (Frontex) аз Варшава ба Душанбе мавриди баррасӣ қарор дорад,- меафзояд манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *