Парвозҳои нав оғоз меёбанд
Аз ҷумҳурӣ ба ду кишвари дигар парвоз имконпазир мегардад: парвозҳо ҳанӯз соли 2022 ба нақша гирифта шудаанд
11 феврали соли 2022. Тоҷикистон бо ду кишвари дигар иртиботи ҳавоӣ боз мекунад. Дар ин бора ба хабарнигорон раиси Агентии авиатсияи граждании кишвар Икром Субҳонзода хабар дод.
Дар соли 2021 ин ниҳод ҳуҷҷатҳоро барои парвозҳои мустақим ба Украина омода кардааст. Эҳтимол меравад, ки аз Душанбе ба Киев парвоз кардан ва баргашт мустақим имконпазир шавад.
Қаблан ин мавзӯъро сафири Тоҷикистон Давлаталӣ Назризода дар мулоқот бо вазири рушди иқтисод, тиҷорат ва кишоварзии Украина Игор Петрашко матраҳ карда буд.
Намояндагони давлатҳо қайд карданд, ки чунин тадбирҳо барои инкишофи ҳамкории минбаъдаи байни давлатҳо заруранд.
«Ҳамчунин асноди танзими иртиботи ҳавоии Тоҷикистону Литва, ки соли 2022 ифтитоҳ мешавад, омода шудааст», — гуфт Субҳонзода ба — Sputnik.
Илова бар ин, вай гуфт, ки дар соли 2021 380 ҳазор нафар аз хидмати ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр”-и Тоҷикистон истифода кардаанд. Ин нисбат ба соли 2020 45% зиёд аст.
«Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе дар соли 2021 ба беш аз 1,5 миллион мусофир хизмат расонидааст, ки нисбат ба соли 2020 906 ҳазор нафар зиёд аст», — таъкид кард роҳбари агентӣ.
Ба гуфтаи Субҳонзода, ҳаракати ҳавоӣ миёни Русия ва Тоҷикистон, ки моҳи марти соли 2020 бар асари пандемияи коронавирус мутаваққиф шуда буд, пурра барқарор шуд.
Ҳоло дар як ҳафта байни кишварҳо тақрибан 120 парвоз анҷом дода мешавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ