Парвозҳо  ба Тошканд оғоз гардид  

 

   Ҳавопаймои ширкати «Сомон Эйр» субҳи рӯзи ҷумъаи 10 декабр бо 65 мусофир ба Тошканд — пойтахти Узбакистон парвоз кард. Ин нахустин парвоз миёни Тоҷикистон ва Узбекистон дар 25 соли ахир мебошад.

Ба қайдгирии мусофирон дар Фурудгоҳи байналмилили Душанбе соати 7:30 дақиқаи субҳи ҷумъа оғоз ёфт ва нахустин мусофире, ки дар фурудгоҳ расмиёти парвозро анҷом дод, зани 57-солаи узбектбори Тоҷикистон Ҷамила Назарова буд. Вай дар сӯҳбат гуфт, ки дар 25 соли гузашта барои бори аввал тариқи ҳаво ба назди пайвандонаш меравад. Ҷамила Назарова гуфт, ки давоми ин ҳама солҳо ҳамеша тариқи замин ба Узбекистон сафар мекард ва ҳоло хушҳол аст, ки дар ҳамагӣ 45 дақиқа ба дидори наздиконаш мерасад.

 

​Ёқутхон Абдусаломова, як тоҷирзан дар маркази савдои «Садбарг»-и шаҳри Душанбе аз ҷумлаи мусофироне ҳаст, ки ҳамроҳи духтари кӯчакаш барои ширкат дар арӯсии духтари калонаш, ки дар Тошканд ба сар мебарад, озими пойтахти Узбекистон аст. Вай аз ифтитоҳи ин хатсайр изҳори хушҳолӣ намуд ва изҳори умедворӣ кард, ки масъалаи дарёфти виза низ осон шавад. Зеро ба гуфтаи вай, ҳоло барои гирифтани виза як ҳафта мунтазир мемонанд ва дар баробари ин, аз онҳо телеграмма ва ё даъватнома талаб карда мешавад.

Томас Халлам, директори кулли ширкати ҳавоии “Сомон Эйр” дар ҷамъи хабарнигорон гуфт, ки парвози имрӯз озмоишӣ ва фаннӣ буда ва парвозҳои маъмулӣ аз рӯзи 20 феврал оғоз мешаванд. Вай дар посух дар мавриди қимати чиптаҳо ва то кадом андоза

дастрас будани онҳо барои сокинони кишвар гуфт, ки имрӯз дар шаҳри Тошканд ҳайати ҳам фурудгоҳ ва ҳам ширкати “Сомон Эйр” бо ҷониби Узбекистон масъалаи нархи билетҳо ва теъдоди парвозҳо дар ин хатсайр ва ҳузури ширкатҳои Узбекистон дар ин парвозҳоро баррасӣ хоҳанд кард.Вай ҳамзамон таъкид кард, ки парвозҳо аз Душанбе танҳо ба Тошканд маҳдуд нашуда, балки масъалаи боз кардани хатсайрҳо ба шаҳрҳои дигари Узбекистон матраҳ хоҳад шуд.Дар назар аст дар канори мусофирон мақомоти вазорати нақлиёти Тоҷикистон, ҳайати роҳбарӣ ва тиҷоратии ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр”, намояндагони Фурудгоҳи байналмилии Душанбе ва рӯзноманигорон, ба Тошканд парвоз кунанд. Аз ҷумла Юсуф Раҳмон, раиси бахши ҳавонавардии вазорати нақлиёти Тоҷикистон дар ин ҳайат ба Тошканд меравад.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *