Парвози ҳавопаймо ба Хоруғ аз нав барқарор шуд

Парвози ҳавопаймо тавассути хатсайри Душанбе-Хоруғ–Душанбе аз нав барқарор шуд. Нахустин парвоз рӯзи душанбе, 30-юми сентябр сурат мегирад.

Ба иттилои Ширкати “Тоҷик эйр”, фурӯши чиптаҳо аз Душанбе ба Хоруғ аз  27-уми сентябр оғоз гардида, нархи он 900 сомонӣ аст.

Парвоз тавассути ҳавопаймои АМ-28, ки имкони ғунҷоиши 17 нафарро дорад, сурат мегирад.

Гуфта мешавад, ки ҳавопаймо дар як ҳафта се маротиба — рӯзҳои душанбе, чоршанбе ва ҷумъа парвоз мекунад.

Парвоз аз Душанбе соати 8:00 сурат мегирад ва 1 соату 10 дақиқа давом мекунад. Пас аз расидани ҳавопаймо ба Хоруғ соати 10:00 дигарбора ба Душанбе бармегардад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *