Парвози ҳавопаймо байни Тоҷикистону Қирғизистон дубора эҳё мешавад
Имрӯз, 4 март Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон бо Одилбек Қосималиев, раиси Девони вазирони Қирғизистон дар шаҳри Душанбе мулоқот карданд. Ҷонибҳо масъалаи барқарорсозии парвозҳои мустақим байни ду кишварро муҳокима намуданд.
Тибқи иттилои Девони вазирони Қирғизистон, роҳбарони ҳукуматҳо зарурати ин иқдомро ҳамчун омили муҳими густариши ҳамкориҳои дуҷониба таъкид карданд.
Дар мулоқот, инчунин, дурнамои рушди робитаҳои иқтисодӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Аз ҷумла, ҷонибҳо ҳадафи расондани ҳаҷми гардиши мол миёни кишварҳо ба 500 миллион долла то соли 2030-ро баррасӣ карданд.
Ҳамчунин, аҳамияти татбиқи ҳарчи зудтари лоиҳаи энергетикии CASA-1000 таъкид гардид.
Одилбек Қосималиев аз ҷониби худ ба ҳукумати Тоҷикистон барои пазироии гарм изҳори сипос намуда, паёми дӯстонаи президенти Қирғизистон Содир Жапаровро ба Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон расонидааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ