Парвози марговар аз ошёнаи 19

Як шаҳрванди 37-солаи Тоҷикистон аз ошёнаи 19-уми сохтмони биное дар ноҳияи Приморски Санкт-Петербург афтидааст.

Торнамои “Оперативное прикрытие” менависад, ин ҳодиса шоми 12 феврал дар хиёбони Королева ба вуқӯъ пайвастааст. Муҳоҷири тоҷик, ки дар яке аз ширкатҳои сохтмонӣ кор мекардааст, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст: “Дар назди сохтмон ва атрофи он дурбинҳои назоратӣ насб нашудаанд”.
Ин нахустин ҳодисаи сарозер шудани муҳоҷирони тоҷик аз сохтмони биноҳо дар Русия нест. Дар гузашта низ даҳҳо хабари ҳалокати шаҳрвандони Тоҷикистон дар пайи афтидан аз сохтмонҳо расонаӣ шуда буд.

Бино ба омори ғайрирасмӣ теъдоди муҳоҷирони тоҷик дар Русия ба як миллион мерасад ва бештари онҳо дар сохтмонҳо кор мекунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *