Парвози ҳоҷиён сар шуд
Рӯзи якшанбе, 5 август нахустин гуруҳи зоирон аз Тоҷикистон бо мақсади Ҳаҷ аз фурудгоҳи Душанбе ба Арабистони Саудӣ сафар карданд.
Интиқоли зоирони тоҷик ба Маккаву Мадина ду ҳафта давом мекунад.
Имсол беш аз 6 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ба Ҳаҷ мераванд. Кумитаи дини Тоҷикистон хабар дод, ки бо баргузории як маросим дар фурудгоҳи Душанбе нахустин гуруҳи зоирони тоҷикро бо мақсади адои маносики Ҳаҷҷ ба Арабистони Саудӣ фиристоданд. Дар ин маросим раиси кумитаи дин Сулаймон Давлатзода, сафири Арабистони Саудӣ дар Душанбе Муҳаммад Ал-Бодӣ, мудири Агентии авиатсияи Тоҷикистон Икром Субҳонзода ширкат кардаанд.
Давлатзода гуфт, зиёрати хонаи Худо дар марҳилаҳои баъдии зиндагӣ масъулияти зоиронро дар ҷомеа афзунтар мегардонад: «Шахсе, ки мушаррафи зиёрати хонаи Худо мегардад, бояд бо кору кирдораш дар ҷомеа намунаи ибрати дигарон бошад.”
Сафири Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон Муҳаммад Абдулазиз ал-Бодӣ бо изҳори қаноатмандӣ аз вазъи кунунии равобити Саудияву Тоҷикистон иброз намуд, ки ҷониби Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар мавсими ҷории ҳаҷ ҳама талоши худро ба харҷ хоҳад дод, то тамоми шароити лозимаро барои ҳоҷиёни кишварҳои мусулмоннишин, махсусан Тоҷикистон фароҳам созад.
Имсол зиёда аз 6 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон барои адои зиёрати маносики Ҳаҷ ба Маккаву Мадина сафар мекунанд.
Зиёрати Ҳаҷ барои ҳар мусалмоне, ки қудрат ва тавоноияшро дорад, фарз гардидааст. Нархи сафари Ҳаҷ аз Тоҷикистон имсол ҳудуди 3700 доллар муқарррар шудааст
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ