Парвози тайёраҳои русӣ ба Афғонистон

Се тайёраи ҳарбӣ-нақлиётии русӣ баҳри интиқоли одамон барои бори сеюм ва расонидани кумаки башардӯстона ба Афғонистон парвоз кардаанд. Дар ин бора РИА “Новости” бо истинод ба маълумоти Вазорати мудофиаи Русия хабар додааст.

Бино ба иттилои ТАСС, тайёраи якум дар фурудгоҳи Кобул фуруд омадааст. “Тайёраи якуми Авиатсияи ҳарбӣ-нақлиётии Вазорати мудофиаи Русия бо кумаки башардӯстона дар фурудгоҳи Кобули Ҷумҳурии Исломии Афғонистон нишаст”- гуфтаанд дар ин ниҳод.

Ҳр кадоме аз тайёраҳо ҳомили кумаки башардӯстонаи Русия ба сокинони Афғонистонанд.

Моҳи ноябр намояндаи Кремл Дмитрий Песков хабар дода буд, ки Вазорати мудофиаи Русия бо дастури роҳбари давлат Владимир Путин аз Афғонистон шаҳрвандони дар шароити ноором қарордоштаро интиқол медиҳад. Ба иттилои сухангӯи президент, на танҳо русҳо, инчунин шаҳрвандони давлатҳои узви СААД ҳам интиқол дода мешаванд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *