Пас аз ҷанг ҳамсояҳо ба ҷавобгарӣ кашида шуданд
Дар Душанбе ҳамсояҳое, ки байни худ муноқиша карданду тартиботи ҷамъиятиро вайрон, ба ҷавобгарӣ кашида шуданд.
Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хабар дод, ки сабти видеоии муноқиша байни ҳамсояҳо, ки рӯзи 25 август дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд, сабаби тафтиши маъмурони милитсия шуд.
Ҳангоми санҷиш шаҳрвандон Давлатзода Маҳмадюнуси 31 — сола ва Ғуломова Шаҳлои 40 — сола, истиқоматкунандаи кӯчаи И.Ваҳҳобҷон дастгир карда шуданд. Ин ду ҳамсоя аз сабаби нофаҳмии байни кӯдакон, ки зимни бозӣ дар назди бинои истиқоматӣ ба миён омадааст, бо ҳамдигар муноқиша намуда, тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон кардаанд.
Дар асоси ин ҳодиса протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, маводи парванда барои қабули қарор ба додгоҳ фиристода шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ