Пас аз 13 сол Би-би-си ба Ӯзбекистон баргашт

Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон рӯзи 4 июн Авазбек Тоҳиров, хабарнигори ширкати радио ва телевизиони Би-би-сиро расман сабти ном кард.

Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон рӯзи 4 июн Авазбек Тоҳиров, хабарнигори ширкати радио ва телевизиони Би-би-сиро расман сабти ном кард.

Бад ин тартиб фаъолияти ширкати Би-би-си дар Ӯзбекистон, ки дар соли 2005 қатъ шуда буд, дубора барқарор гардид.

Пас аз марги Ислом Каримов, раиси ҷумҳури нахустини Ӯзбекистон дар моҳи сентябри соли 2016 вазъияти расонаҳои хориҷӣ дар ин кишвар беҳтар шуд. Ду соле қабл, Абдулазиз Комилов, вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон эълон дошт, ки хабарнигорони ширкати Би-би-си метавонанд ба асоси қонунҳои Ӯзбекистон дубора дар ҳудуди ин мамлакат фаъолият кунанд.

Дар моҳи декабри ҳамон сол бахши ӯзбекии Би-би-си расман барои сабти ном ба Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон дархост пешниҳод кард.

Фаъолияти бахши ӯзбекии радиои Би-би-си моҳи ноябри соли 1994 оғоз шуда ва барои шунавандагон дар мавриди рӯйдодҳои Ӯзбекистон ва ҷаҳон хабару гузоришҳо таҳия мекард.

Дар моҳи октябри соли 2005, дар пайи ҳодисаҳои хунини Андиҷон, ки дар Би-би-си муфассал пӯшиш дода шуд, ҳукумати Ӯзбекистон дафтари ин ширкатро дар мамлакат баст. Дар муддати 13 сол бахши ӯзбекии Би-би-си дар Ӯзбекистон хабарнигоре надошт.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *