Пас аз 3 сол муовини раиси шаҳри Панҷакентро таъин карданд
Тибқи иттилои котиби матбуотии раиси шаҳри Панҷакент Ҷаҳонгир Толибӣ, пас аз анқариб 3 соли холӣ будани мансаби муовини раиси шаҳри Панҷакент, ба ин мақом Нақибӣ Парвина Нарзӣ (Парвина Тошева) таъин гардид.
Тибқи иттилои манбаъ, фармони ба вазифаи муовини раиси шаҳри Панҷакент таъин гаридани Нақибӣ Парвина Нарзӣ дар мувофиқа бо президенти кишвар 7-уми апрел содир шудааст.
Дар ҳамин ҳол, то кунун далели аслии холӣ будани курсии яке аз муовинони раиси шаҳри Панҷакент шарҳ дода нашудааст.
Парвина Нарзӣ то ин вақт дар вазифаҳои гуногун: мутахасис ва баъдан мудири шуъбаи кор бо занон ва муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент кор кардааст.
Аз соли 2015 то ин дам ба ҳайси муовини раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент кор мекард. Хатмкардаи риштаи ҳуқуқ ва мудирияти давлатии Донишгоҳи озоди Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент аст.
Қаблан дар ин мақом Зайнура Азимӣ кор мекард, ки дар соли 2019 муовини раиси вилояти Суғд таъин шуд ва ин курсӣ баъди таъини ӯ то кунун холӣ буд.
Моро дар Телеграм пайгирӣ намоед: https://t.me/tojikistontimes
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ