Пас аз 3 сол: Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо
Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон бо як сафар озими Швейсария ва Фаронса шуд.
Дар ин сафар Президенти Тоҷикистонро вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазирони рушди иқтисод ва савдо, молия, энергетика ва захираҳои об, саноат ва технологияҳои нав, раисони Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Кумитаи рушди сайёҳӣ, Бонки миллии Тоҷикистон, Президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон, ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.
Дар назар аст, рӯзи 4 ноябр сафари Президенти Тоҷикистон аз Швейсария оғоз шуда ва сипас ба Фаронса равад.
Тибқи нақша рӯзи 7 ноябр дар Фаронса ҳамоиши соҳибкорони Тоҷикистону Фаронса баргузор шуда ва Эмомалӣ Раҳмон дар ин нишаст ширкат хоҳад кард.
Ин нахустин сафари Президенти Тоҷикистон ба Аврупо пас аз соли 2017 аст. Ҳамон сол Эмомалӣ Раҳмон бо як сафари расмӣ вориди Чехия ва Олмон шуда буд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ