Пас аз навсозӣ агрегати чоруми неругоҳи обии “Норак” ба истифода дода шуд (аксҳо)
Имрӯз, 30 август бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон баъди таҷдиду навсозӣ агрегати чоруми неругоҳи обии “Норак” ба истифода дода шуд.
Бино ба иттилои маркази матбуоти Сарвари давлат, иқтидори тавлиди гидроагрегати чоруми неругоҳ баъди навсозӣ дар як шабонарӯз ба 8 миллиону 266 ҳазору 519 кВт/соат неруи барқ мерасад.
“Агрегати навсозшуда бо пахши тугма аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фазои тантанавӣ ба кор дароварда шуда, кори боэътимоди агрегат бо гузоштани танга дар болои он ҷавобгӯи талаботи стандартҳои байналмилалӣ арзёбӣ гардид”,-иттилоъ медиҳад манбаъ.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба масъулон супориш доданд, ки дар доираи лоиҳа корҳои навсозии дигар агрегатҳо ва таҷҳизоти техникиро бо сифати баланд ва дар муҳлатҳои муайяншуда ба анҷом расонанд.
“Айни ҳол марҳилаи якуми корҳои навсозӣ дар неругоҳ идома дошта, дар доираи он таҷдиди 3 гидроагрегати дигари неругоҳ, таҷҳизоти асосӣ ва ёрирасони он, ивазнамоии 27 крани борбардор, навсозии 3 ҳалқаи барқии комплекси зеризаминӣ, ивази лифтҳо, таъмири дарбандҳои бефи поён, таҷдиди дарбандҳои куравӣ, навсозии стансияҳои насосии неругоҳ, таҷдиди системаи идора ва назорат ба анҷом расонида шуда, дар маҷмуъ неругоҳи Норак тақрибан мавриди навсозии куллӣ қарор хоҳад гирифт”,-гуфт манбаъ.
То имрӯз дар доираи лоиҳа ба ғайр аз пурра навсозӣ гардидани ду гидроагрегати неругоҳ ҳамзамон дастгоҳи тақсимоти кушодаи 220 ва 500 кВ (киловолт) ба дастгоҳи тақсимоти пушидаи элегазӣ иваз карда шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ