Пашинян: “Арманиҳо, ба даст силоҳ гиред!”
Ҳуқуқи мардуми мо, пеш аз ҳама, ба даст гирифтани силоҳ ва ба дифои Ватан рафтан аст
Сарвазири Арманистон Никол Пашинян сокинони кишварро ба гирфтани силоҳ даъват кард ва изҳор дошт, ки ин ягона роҳест,ки Арманистон метавонад ба ҳалли низоъ дар Қарабоғ хотима бахшад.
«Вазифаи мо иборат аз он аст, ки то ба охир барои ҳуқуқи мардуми худ мубориза барем. Имрӯз, дар пасманзари мавқеи Озарбойҷон, мубориза бурдан барои ҳуқуқи мардуми мо, пеш аз ҳама, ба даст гирифтани силоҳ ва ба дифои Ватан рафтан аст », — гуфт Пашинян ҳангоми пахши мустақим дар сафҳаи худ дар Фейсбук. Ба гуфтаи сарвари ҳукумат, танҳо дар ҳамин сурат ҳалли дипломатии муноқиша барои ҷониби Арманистон қобили қабул хоҳад буд. Ба гуфтаи ӯ, ҳимояи ҳуқуқи мардуми Қарабоғ маънои ҳимояи ҳуқуқҳои тамоми мардуми Арманистонро дорад. Вай ба раисони шаҳрҳо, пирони деҳаҳо, роҳбарони дигар сохторҳои давлатӣ ва мақомоти худидоракунии маҳаллӣ муроҷиат кард, ки бо роҳбарии умумии Ситоди Генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Арманистон отрядҳои ихтиёрӣ ташкил кунанд. Вай инчунин ҳамаи соҳибкорон ва донишҷӯёни Қарабоғро даъват кард, ки фавран ба Степанакерт баргашта, ба сафи ихтиёриён дохил шаванд ва таҳти фармони Ситоди Генералӣ амал кунанд.Пашинян гуфт, ки низоъ дар Қарабоғи Кӯҳӣ ҳанӯз ҳалли дипломатӣ надорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ