Пашинян: Дар Арманистон «инқилоби пӯлодин» ба амал омад

Иҷрокунандаи вазифаи сарвазири Арманистон Никол Пашинян зимни шарҳи натиҷаҳои пешакии интихоботи қабл аз вақти парлумонӣ, ки рӯзи якшанбе дар ҷумҳурӣ баргузор шуд, гуфт, ки дар Арманистон “ инқилоби пӯлодӣ» ба амал омад. Инро сиёсатмадор зимни суханрониаш, ки дар саҳифаи Фейсбукаш пахш шудааст, гуфт. Ба қавли ӯ, мардуми арман дар тӯли се сол инқилоби дуюмро ба амал оварданд. «Ин дафъа он ба ҷои махмал аз пӯлод сохта шудааст», — гуфт Пашинян, ки ба ҳизби “Шартномаи шаҳрвандӣ” дар интихобот роҳбарӣ мекунад. Вай мутмаин аст, ки пирӯзии ҳизби ӯ «ваҳдати иҷтимоӣ ва миллиро барқарор мекунад.» Иҷрокунандаи вазифаи сарвазир гуфт, ки тибқи натиҷаҳои пешакии интихобот дар ҷумҳурӣ, «Шартномаи шаҳрвандӣ» аксарияти парлумонро ташкил медиҳад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *