Пашинян ихтиёран аз вазифа рафт

Никол Пашинян, сарвазири Арманистон, аз мақомаш истеъфо дод. Вай ин хабарро шоми 16-уми октябр тариқи телевизиони давлатии Арманистон эълон кард.

Истеъфои Никол Пашинян порлумонро пароканда ва роҳро барои баргузории интихоботи пеш аз муҳлат ҳамвор мекунад.Пас аз пирӯзии ҳизби Пашинян дар интихоботи моҳи гузаштаи Ереван, сарвазир ба баргузории интихоботи зудрас даъват кард.Худи Пашинян моҳи майи имсол дар пайи ҳафтаҳо эътирози тарафдоронаш сари қудрат омад ва Серж Саркисян аз Ҳизби ҷумҳурихоҳро водор кард, ки истеъфо диҳад. Дар як изҳороташ Пашинян гуфт, ки Арманистон ба як марҳилаи нави таърихӣ ворид мешавад ва бояд бо ин инқилоби махмалини бидуни хушунатро ба итмом расонад.Бар асоси қонунҳои Арманистон, агар нахуствазир истеъфо дода парлумон ҷойгузини ӯро интихоб накунад, дар давоми ду ҳафтаи баъди ин баргузории интихобот имконпазир мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *