Пашинян истеъфо медиҳад…, то бимонад

Арманистон минтақаҳои Келбаҷар, Лочин ва Ағдамро ба Озарбойҷон супурд ва нерӯҳои сулҳи Русия дар хатти тамос ва долони Лочин, ки Қарабоғро бо Арманистон мепайвандад, мустақар шуданд

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян дар мулоқот бо сокинони минтақаи Армавири кишвар гуфт, ки ба истеъфо меравад. Ба гуфтаи ӯ, ин як иқдоми расмӣ «на барои рафтан, балки баргузории интихоботи пеш аз мӯҳлат аст». «Дар ин муддат ман вазифаи сарвазирро иҷро хоҳам кард» гуфт ӯ. Тибқи қонунгузории Арманистон, агар парлумон пас аз истеъфои сарвари ҳукумати кунунӣ ду маротиба сарвазирро интихоб накунад, интихоботи навбатӣ таъин мешавад. Дар ин ҳолат, Пашинян ба ҳайси сарвазир корашро идома хоҳад дод. Оппозиция аз моҳи ноябр инҷониб, пас аз имзои оташбас дар Қарабоғи Кӯҳӣ истеъфои ӯро талаб мекунад. Тибқи ин санад, ки Ереван ва Боку бо миёнҷигарии Русия имзо карданд, Арманистон минтақаҳои Келбаҷар, Лочин ва Ағдамро ба Озарбойҷон супурд ва нерӯҳои сулҳи Русия дар хатти тамос ва долони Лочин, ки Қарабоғро бо Арманистон мепайвандад, мустақар шуданд. Дар Боку ин созишномаро таслим шудани Ереван номиданд. Пашинян изҳор дошт, ки чунин иқдом барояш душвор буд, аммо ба ӯ имкон дод, ки як қисми дигареро, ки Қарабоғ аз даст медод, нигоҳ дорад. Бо вуҷуди ин, мухолифони вай сарвазирро шадидан танқид мекунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *