Пастшавии ҳарорати ҳаво дар назар аст
Ба иттилои Агентии обуҳавошиносии кишвар, шурӯъ аз 25 то 28 июл дар ҷумҳурӣ пастшавии ҳарорати рӯзонаи ҳаво то 4-6 дараҷа дар назар аст. Дар баъзе ноҳияҳо, ба истиснои ВМКБ вазиши сахти шамол аз самти ғарб то 17-22 метр дар як сония расида, чангу ғубор ба амал меояд.
24-25 июл бо дарназардошти баландшавии ҳарорати ҳаво дар дарёҳои Панҷ, Вахш ва Зарафшон бинобар обшавии пиряхҳо баландшавии сатҳи об дар назар аст. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ эҳтимоли омадани сел пешгӯӣ карда мешавад.
Тибқи иттилои манбаъ, имрӯз дар вилояти Суғд ҳаво абрноки тағйирёбанда шуда, шамол аз самти шарқ бо гузариш ба самти ғарб 15-20 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона +20+25 ва рӯзона +32+37 дараҷа гарм мешавад.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбандаи абрнок шуда, шабона +16+ 21 ва рӯзона +32 +37 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ шуда, шамол аз самти шарқ бо гузариш ба самти ғарб дар баъзе ноҳияҳо то 15-20 метр дар як сония вазида, чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона +23 +28 ва рӯзона +40 + 44 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво камабри бебориш шуда, ҳарорат шабона 18+23 ва рӯзона 36+41 дараҷа гарм мешавад.
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво софу беғубор шуда, шабона +20+22 ва рӯзона +39+41 дараҷа гарм мешавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ