Патрик Коннор: Ба маълумоти вазорати тандурустӣ такя мекунем

Роҳбари ҳайати Созмони умумумиҷаҳонии тандурустӣ Патрик О’Коннор дар суҳбати онлайнӣ бо журналистон вазъи бемории COVID-19 дар Тоҷикистонро шарҳ дод.

Ӯ гуфт, Тоҷикистон ба марҳилаи паҳнкунии коронавирус ворид шуд. Тадбирҳои андешидаи Тоҷикистон ба вазъ на танҳо дар тамоми Осиёи Марказӣ, балки дар Аврупо низ таъсир мерасонанд. Патрик О’Коннор мутаъқид сохт, ки СУТ ба маълумоти Вазорати тандурустии Тоҷикистон боварӣ дорад ва дар оянда дар ҳама марҳилаҳои вокуниш ба пайдоиши COVID-19 ба Тоҷикистон кумак хоҳад кард.

«Ҳамеша мебояд ба фарзияи бадтарин бо роҳи омодагии муассисаҳои тиббӣ ва аҳолӣ ба зиёд шудани шумораи сироятёфтагон, аз ҷумла омӯзиши мутахассисон ва кормандони соҳаи тиб, омода буд. Ҳоло фурсати таҳкими низоми тандурустӣ ва ҷалби аҳли ҷомеа барои ҳалли ин мушкилот фаро расидааст”-гуфт Патрик.
Муовини аввали вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ Саида Умарзода зикр кард, ки дар ҷумҳурӣ беш аз 10 ҳазор нафар бо чораҳои карантинӣ фаро гирифта шуданд. Ҳукумати мамлакат бо СУТ ва дигар шарикон дар мубориза бар зидди COVID-19 ҳамкорӣ мекунад.
Зимни нищасти хабарӣ таъкид гардид, ки чорабиниҳои вокуниш ба хуруҷи беморӣ метавонанд аз 12 то 18 ҳафтаи оянда идома ёбад, яъне бояд дар ин давра эҳтиёткор бошем.
Ҳайати СУТ аз 1 май инҷониб дар Тоҷикистон қарор дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *