Павел Кириленко: Аз Донетск фирор кунед!
Раиси вилояти Донетск дар пайи ҷангҳои сахт ва ҳамлаҳои Русия аз сокинони ин минтақа, ки беш аз 350 ҳазор нафарро ташкил медиҳанд, хост фирор кунанд. Бахшҳое аз ин минтақа дар ҳоли ҳозир таҳти назорати неруҳои украинӣ мондааст.
Павел Кириленко, раиси вилояти Донетск таъкид кард, ки «сарнавишти ҳамаи кишвар ба минтақаи Донетск вобаста аст… вақте ки аҳолии камтаре ҳузур дошта бошад, бештар хоҳем тавонист, то ба душман зарба занем ва вазифаҳои худро анҷом диҳем».
Тибқи маълумоти Созмони Милали Муттаҳид, аз оғози ҳамлаи низомии Русия ба Украина беш аз 7,1 миллион украинӣ дар дохили кишвар овора шудаанд ва беш аз 4,8 миллион нафар ҳам ба берун аз кишвар паноҳ бурдаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ