Пайдо кардани гурҳои дастаҷамъии қурбониёни ДИИШ
Созмони Милали Муттаҳид (СММ) беш аз 200 гури дастаҷамъиро дар ғарби Ироқ кашф кард, ки ҷиҳодиҳои гуруҳи террористии «Давлати Исломӣ» қатл кардаад. Дар ин бора намояндаи СММ рӯзи 6 ноябр хабар дод. Гурҳо дар минтақаҳое пайдо шуданд, ки қаблан таҳти назорати тундгароҳои ДИИШ буд. Гап сари ҳазорҳо қурбонӣ аст, ки мушаххас кардани теъдоди онҳо мушкил аст,- гуфт намояндаи СММ Ян Кубиш.
Мутахасисон ба шиносоии боқимондаи ҷасадҳо машғуланд, ки баъдан ба хешонашон супурда хоҳанд шуд.
Гуруҳи террористии «Давлати Исломӣ» миёнаҳои соли 2014 то охири соли 2017 бахши умдаи Ироқро таҳти назорат дошт. Моҳи декабри соли 2017 ҳукумати Ироқ пирӯзӣ бар ин гуруҳи даҳшатафканро эълон кард
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ