Паём аз Доғистон, ё поси дӯстии Мирзо Турсунзода ва Расул Ғамзатов

Чанд рӯз пештар дугонаи азизам, ҳамсабақам дар Донишкадаи адабии ба номи Максим Горкийи шаҳри Москва, шоир Ахмедова Марина Анатолевна аз Махачқалъа занг зад.

Мо даҳ сол пеш, баъди иштирок дар ҷашни 90-солагии шоири бузург Расул Ғамзатов дар Доғистон, робитаро бо Марина гум карда будем.

Бинобар ин, аз шунидани овози дугонаам хеле хушҳол шудам. Маринаро ҳоло раиси Иттифоқи нависандагони Доғистон интихоб кардаанд. Самимона ӯро бо чунин масъулият муборакбод гуфтам. Марина иттилоъ дод, ки имсол баҳри таҷлили ҷашни 100-солагии шоири маъруф Расул Ғамзатов омодагии пухта мебинанд.

Марина, ки ба тоҷикону Тоҷикистон муҳаббати хоса дорад, умедвор монд, ки намояндаи Иттифоқи нависандангони Тоҷикистон дар он чорабинии бошукуҳ ҳатман иштирок меварзад. Зеро Расул Ғамзатов бо устод Мирзо Турсунзода ва адибони дигари мо риштаи дӯстӣ баста буд. Ҳамзамон ашъори ҷовидона ва китоби олиҷанобаш “Доғистони ман” дар Тоҷикистони маҳбубияти зиёд пайдо кардаанд.

Зулфия АТОӢ, Шоири халқии Тоҷикистон

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *