Паёмади нохуши рашки зан
Як зани 38 сола, сокини ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд бо иттиҳоми талош барои куштан ё расондани ҷароҳати вазнин боздошт шудааст.
Як зани 38 сола, сокини ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд бо иттиҳоми талош барои куштан ё расондани ҷароҳати вазнин боздошт шудааст.
Бино ба хабари сомонаи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, ин зан нимарӯзи рӯзи 8 апрел ба далели бадрашкӣ бо шавҳари 37-солааш моҷаро барпо карда ва бо корд ба қафаси синаи шавҳараш задааст.
Бар асари зарбаи корд шавҳар ҷиддан захмӣ шуда ва дар бемористон бистарӣ шудааст.
Феълан нисбати ин зан бо моддаи 120-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ боз гардидааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ