Паёмбар (с): Аз шаҳр набароед. Сино: Дар хона нишинед (Видео)

“Мардум, гӯш кунед. Аз як бемор шумораи зиёди одамон метавонанд сироят ёбанд. Аз масоҷид дур шавед. Аз ҷойҳои серодам дур шавед. Ҷудо шавед. Ҳар нафаре, ки бемор шудан намехоҳад дар хонааш нишинад. Инро Синои бузург мегӯяд. Ҷудо шавед”. Ин порчае аз филми ҳуҷҷатии “Авитсена” аст, ки имрӯз қисме аз расонаҳои хориҷӣ барои ба карантин ҷалб кардани мардум ба таври васеъ аз ин истифода бурда истодаанд.

Имрӯз аз нисф зиёди башарият розиву норозӣ, бо тарсу ҳарос, бе тарсу ҳарос, паникаҳои зиёд дар карантинанд. Қисми зиёди онҳоро маҷбуран карантин кардаанд ва ин талаби табиат аст. Дар бобати паникаҳои зиёди сокинони кишвар, ки ҳамагӣ дар мавриди карантин шудан ё нашудани кишвар ҳадс мезаданд, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ Насим Олимзода гуфт, ки ҳеҷ баҳона ё сабабе барои эълони карантин, бахусус, карантини саросарӣ нест, барои барои карантинкунонии кишвар асос лозим аст. Хушбахтона, то имрӯз сирояти коронавирус дар Тоҷикистон ба қайд гирифта нашудааст ва ҳоло карантин дар назар нест.

Вале гап сари он меравад, ки мардуми мо худро кам эҳтиёт мекунанд ва дар ҳолати ошкор шудани коронавирус дар ҷумҳурӣ эҳтимоли кор аз кор гузаштан аст.

Дар мавриди карантин кардан ё накардан масъули Раёсати фатвои Шӯрои уламо гуфт: “Дар замони Паёмбар (с) ҳам чунин вабоҳо буданд. “Ҳар ҷо, ки бемориҳои сироятӣ аст он ҷо ворид нашавед ва агар он ҷо бошед берун нашавед”, гуфта буд паёмбарамон (с). Ва агар нек нигарем асосгузори ҳамин карантине, ки имрӯзҳо гирди забони ҷаҳониён аст, Паёмбар (с) мебошад”.

Абӯалӣ Ибни Сино дар мавриди карантин

Gepostet von Hafizulloh Tohiri am Dienstag, 21. April 2020

Ҳ. ТОҲИРӢ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *